Дар Донишгоҳи давлатии Данғара Рӯзи милитсияи тоҷикро бошукӯҳ таҷлил намуданд

Ноябрь 10, 2021 15:09

ДУШАНБЕ, 10.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти милитсия яке аз сохторҳои бузургу бонуфузи ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб рафта, аз нахустин лаҳзаҳои ташкил то имрӯз ҳамчун неруи муҳофизи тартиботи ҷамъиятӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳм мегузорад. Ин ниҳод дар лаҳзаҳои сангини таърихии кишвар аз имтиҳони ҷиддӣ гузашта, барои таъмини амну суботи ҷомеа талош варзидааст. Ин матлабро ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, профессор Нуралӣ Шоҳиён дар ҷараёни ҷамъомади идона, ки   10 ноябр ба муносибати  Рӯзи милитсияи тоҷик дар донишгоҳи мазкур бо иштироки муовини раиси ноҳияи Данғара Бунафша Файзиддинзода, сардори ШВКД дар ноҳияи Данғара, полковники милитсия Рустам Раҷабзода, собиқадорону кормандони милитсия ва дигар меҳмонони фахрӣ  сурат гирифт, иброз дошт. Дар  ин бора  ба АМИТ “Ховар” сардори бахши  гурӯҳи таҳлилии таъмини бехатарии иттилоот ва кор бо сомонаҳои донишгоҳ Муҳаммад Шораҳимзода иттилоъ дод.

Бунафша Файзиддинзода нақши мақомоти милитсияро дар таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният, ҳифзи ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон арзанда дониста, гуфт, ки   “бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ моҳи октябри соли 2021 дар ноҳияи Данғара аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ” ва бинои шуъбаи “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки ин шаҳодати таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба мақомоти милитсия мебошад”.

Сардори  ШВКД дар ноҳияи Данғара Рустам Раҷабзода иброз дошт, ки  милитсияи тоҷик давоми фаъолияти худ, аз ҷумла дар муборизаҳои шадид баҳри Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини  ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, безарар гардонидани дастаҳои муташаккили ҷиноятӣ ва гурӯҳҳои терористӣ-экстеримистӣ, инчунин бетартибиҳои оммавӣ аз имтиҳони сахти рӯзгор сарбаландона гузашта, ба сохтори пурқудрати боэътимод ва кафили осоиштаи давлату миллат табдил ёфтааст.

Баҳри поси хотири шаҳидони ҷанги шаҳрвандӣ, ки дар роҳи адолат, пойдории давлату миллат, дар муборизаҳои шадид ҷон нисор кардаанд, дақиқаи хомӯшӣ эълон гардид.

Сипас ба як гурӯҳ собиқадорон, кормандони милитсия Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара  ва ба оилаҳои барои барқароркунии сохти конститутсионӣ ҳалок гардида кумакпулии яквақтаина дода шуд. Ҳамчунин кормандони фаъоли милитсияи ноҳия бо фармони Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ сазовори рутбаҳои навбатӣ, нишонҳои сарисинагӣ, медали  «Хизматҳои шоён» ва ифтихорномаҳо гардиданд.

АКСҲО аз Донишгоҳи давлатии Данғара

Ноябрь 10, 2021 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд