Дар Душанбе Муколамаи миллии сатҳи баланд оид ба низоми озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд

Ноябрь 11, 2021 11:01

ДУШАНБЕ, 11.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе бо ташаббуси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 ноябр Муколамаи миллии сатҳи баланд оид ба низоми озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.  

Дар муколама намояндаи Дастгоҳи иҷрои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Мутаҳид дар Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Муҳаммадсаид  Файзуллозода зикр кард, ки  ҷиҳати баргузории муколамаи миллӣ дар сатҳи баланд ва таҳияи  «Нақшаи миллии амал оид ба низоми озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар робита ба низоми мавҷудаи озуқаворӣ, сиёсати он ва муайянсозии роҳҳои татбиқи амнияти озуқаворӣ, ки масъул Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, бо ҷалби дигар вазорату идораҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст. Тибқи «Дастурамали низоми озуқаворӣ» муколамаҳо дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ дар шаҳрҳои Бохтару  Кӯлоби вилояти Хатлон, шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  баргузор шуданд.

Дар муколама сардори Раёсати кишоварзӣ ва муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзодавлат Сабурзода зикр намуд, ки таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ки  яке аз ҳадафҳои стратегии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, марҳила ба марҳила амалӣ шуда истодааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъаларо ҳаётан муҳим шуморида, баҳри таъмини аҳолии мамлакат бо озуқа тадбирҳо меандешад. Бо ин мақсад «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраи то соли 2030», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» ва «Барномаи таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» қабул гардидаанд, ки самти асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун қисми таркибии амнияти давлат бо меъёрҳои байналмилалии  эътирофшуда муайян менамояд. Мақсади дастгирии давлатӣ оид ба амнияти озуқаворӣ таъмини талаботи аҳолӣ бо озуқа аз ҷониби истеҳсолкунандагони ватанӣ, содиркунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқа мебошад.

Дар ин замина ҳамзамон баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ тадбирҳои судманд андешида шудаанд, ки ба амалӣ  гардидани нақшаҳои муҳим замина мегузоранд. Бинобар ин  таваҷҷуҳ бояд ба он равон карда шавад, ки маҳсулоти хӯрокворӣ  ба аҳолӣ бо сифати баланд пешкаш гардад.

Мирзодавлат Сабурзода дар идома иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳарсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба масъулини соҳаҳои кишоварзию саноат оид ба зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот, васеъ намудани майдони киштзор ва боғу токзор супориш ва дастурҳои мушаххас медиҳанд. Аз ҷумла, пайваста таъкид менамоянд, ки бар асари  бемориҳои гуногуни сироятӣ, аз ҷумла Ковид-19, камобиву хушксолӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои   харобиовари он соли 2021 бисёр мураккабу вазнин пешгӯӣ мешавад. Аз ин рӯ, барои амнияти озуқавории мамлакат ва бо ҷои кор таъмин намудани шарҳвандон роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, тамоми кишоварзон ва ҳар оиларо зарур аст, ки истифодаи самараноки замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, бо ҳамин роҳ гирифтани то  се- чор  ҳосил ва захира намудани озуқавориро дар ҳар оила таъмин намоянд.

Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу таҳлили омилҳои таъсиррасон ба низоми озуқаворӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим, истифодаи самараноки замин ва захираҳои обӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва тавсияҳои судманд доир ба ташаккули занҷираи низоми озуқавориро пешниҳод намуд.

Дар идомаи муколама намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Олег Гучгелдиев иброз дошт, ки  дар доираи барномаҳои татбиқшаванда ҷиҳати дастгирии низоми озуқаворӣ саҳм мегузорад.

Муовини аввали раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Маҳмуд Ширинҷонзода ба иштирокдорон Лоиҳаи нақшаи миллии низоми озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраҳои солҳои 2022-2030-ро, ки аз 30 банд, аз ҷумла таъмини ғизо дар мактаб ва муассисаҳои томактабӣ, дастрасии ғизо ба занон ва мактаббачаҳо, тақвият додани ҳамкорӣ оид ба амнияти озуқаворӣ бо шарикони рушд, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масъалаҳои ёриҳои башардӯстона, роҳандозӣ намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, ҳимояи манфиатҳои аҳолии аз гуруснагӣ азиятмекашида ва осебпазир, чораҷӯиҳо оид ба беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ бо ғизо, тақвият додани чораҷӯиҳо оид ба зиёд намудани истеҳсоли маводи ғизоӣ, таъсис додани агрокластерҳои саноатӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзӣ, мунтазам гузаронидани  мониторингҳо ҷиҳати муайян намудани бехатарӣ, ғизонокӣ, таркиб ва сифати маҳсулоти озуқаворӣ ва ғайра иборат мебошад, муаррифӣ намуд.

Дар ҳамоиш зимни  муҳокимарониҳо аз ҷониби вазоратҳои кишоварзӣ, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, корҳои хориҷӣ ва дигар идораҳо пешниҳодҳо манзур гардиданд.

Дар фарҷом намояндаи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ иброз намуд, ки таклифу пешниҳодҳои вазорату идораҳо  оид ба Лоиҳаи нақшаи миллии низоми озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраҳои солҳои 2022-2030 ба инобат гирифта мешаванд, аз ин рӯ хуб мешуд пешниҳодҳои худро то 1 декабри соли равон ба Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ирсол намоянд.

Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсози миллии низоми озуқаворӣ Барнома ва Нақшаи амали низоми озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мукаммал намуда, дар муҳлатҳои муайянгардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур менамояд.

 Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: Кумитаи бехатарии озуқаворӣ

Ноябрь 11, 2021 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон барои таъсиси паркҳои технологии муштарак бо ниҳодҳои СММ ва шарикони рушд ҳамкорӣ менамояд
Директори иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор ба Тоҷикистон меояд
Соли 2024 ҳолати мелиоративии 9811 гектар замини кишоварзӣ беҳтар карда мешавад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ шинос шуд
Дар ноҳияи Ашт 20 000 гектар боғи зардолу мавҷуд аст
АВЛАВИЯТ БА КИШТИ КАРТОШКА. Дар Панҷакент кишти картошка зери назорати пайваста қарор дорад
Тоҷикистон ва Чин ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои авлавиятноки саноат баррасӣ намуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Хуҷанд корхонаҳои нави саноатӣ ба истифода дода мешаванд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Борони зиёд боиси камҳосилии дарахтон мегардад
Дар шаҳри Пекин густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бо ҷараёни кишти картошка шинос гардид
Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ доир шуд