Дар Душанбе мулоқоти муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баргузор гардид

Ноябрь 6, 2021 09:20

ДУШАНБЕ, 06.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябр ба манзури омодагӣ ба Форуми 14-уми ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея, ки 30 ноябри 2021 дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ дар Душанбе баргузор хоҳад гардид, мулоқоти муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея дар шакли омехта (ҳузурӣ ва маҷозӣ) баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар нишасти мазкур муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим ва Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Ё Сонг Бэ иштирок карда, муовинони вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Сиздиқов Марат, Ҷумҳурии Қирғизистон Мадмаров Азизбек, Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сидиқов Фурқат ва Туркманистон Ҳоҷиев Вепа дар шакли маҷозӣ ширкат ва суханронӣ намуданд.

Зимнан ҷонибҳо масъалаҳои калидии тадорукотию муҳтавоии Форумро баррасӣ карда, дар шакли ҳузурӣ баргузории ҷаласаҳои алоҳида оид ба тағйирёбии иқлим, энергетика, тандурустӣ ва технологияҳои рақамиро мусбат арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон иштирокдорони ҷаласаи мазкур пешнависи Баёнияи муштараки вазирони корҳои хориҷии Форум ва Нақшаи кории Котиботро барои соли 2022, номзадии Дабири кулли Котиботи Форум, ки дар нишасти вазирони корҳои хориҷии ин абзор қабул ва  тасдиқ мегарданд, баррасӣ карданд.

АКСҲО: ВКХ ҶТ

Ноябрь 6, 2021 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Шурои давлатии Чин Ли Сян баргузор гардид
Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбаргузор гузошт
Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд
Намояндаи Тоҷикистон бо Мудири кулли Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева мулоқот намуд
Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд