Дар Душанбе Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо СПИД таҷлил мешавад
ДУШАНБЕ, 29.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «30 соли талош ва вокуниши муштарак» ҳамоиш баргузор мешавад, иттилоъ доданд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО».
Ҳамоиши мазкур ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо Бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВИЧ/СПИД), ки ҳамасола 1 декабр дар тамоми ҷаҳон таҷлил мешавад, бахшида шудааст. Он соли 1988 бо қарори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Ассамблеяи генералии СММ таъсис дода шудааст.
Дар ҷараёни ҳамоиш гӯшае барои намоишгоҳ ташкил карда мешавад.
Дар ҳамоиш иштироки муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ва Намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноғлу дар назар аст.
Дар ҳамоиш оид ба таърихи сирояти ВНМО, таърихи пайдоиши рамзи Лентаи сурх, баргузории викторинаҳо маълумот дода мешавад, инчунин маросими супоридани ҷоизаҳо ба шарикон ва мутахассисони соҳаи ВНМО/СПИД баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки аввалин ҳолатҳои гирифторӣ ба ин беморӣ охири солҳои 1970 дар Шветсия, ИМА, Танзания ва Гаитӣ ошкор шуда буданд. Истилоҳи “СПИД” (синдроми пайдошудаи норасоии масуният) аз ҷониби табибон соли 1981 ошкор карда шудааст. Пас аз ду сол табиби фаронсавӣ Люк Монтане ва ҳамкорони ӯ тавонистанд мавҷудияти сирояти ВИЧ-ро исбот кунанд.
АКС аз манбаъҳои боз








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид






