Дар Душанбе Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо СПИД таҷлил мешавад

Ноябрь 29, 2021 12:39

ДУШАНБЕ, 29.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «30 соли талош ва вокуниши муштарак» ҳамоиш баргузор мешавад, иттилоъ  доданд ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО».

 Ҳамоиши мазкур ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо Бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВИЧ/СПИД), ки ҳамасола 1 декабр дар тамоми ҷаҳон таҷлил мешавад, бахшида шудааст. Он соли 1988 бо қарори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Ассамблеяи генералии СММ таъсис дода шудааст.

 Дар ҷараёни ҳамоиш гӯшае барои  намоишгоҳ ташкил карда мешавад.

Дар ҳамоиш иштироки муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ва Намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноғлу дар назар аст.

 Дар ҳамоиш оид ба таърихи сирояти ВНМО, таърихи пайдоиши рамзи Лентаи сурх, баргузории викторинаҳо маълумот дода мешавад, инчунин маросими супоридани ҷоизаҳо ба шарикон ва мутахассисони соҳаи ВНМО/СПИД баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки аввалин ҳолатҳои гирифторӣ ба ин беморӣ  охири солҳои 1970 дар Шветсия, ИМА, Танзания ва Гаитӣ ошкор шуда буданд. Истилоҳи “СПИД” (синдроми пайдошудаи норасоии масуният) аз ҷониби табибон соли 1981  ошкор карда шудааст. Пас аз ду сол табиби фаронсавӣ Люк Монтане ва ҳамкорони ӯ тавонистанд мавҷудияти сирояти ВИЧ-ро исбот кунанд.

АКС  аз манбаъҳои боз

Ноябрь 29, 2021 12:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд