Дар Душанбе вазъи хизматрасонии нақлиёти пойтахт дар мулоқот бо масъулини соҳа баррасӣ шуд

Ноябрь 4, 2021 16:19

ДУШАНБЕ, 04.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе мулоқоти роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо роҳбарону масъулини ширкатҳои мусофиркашонии ҷамъиятӣ, давлативу хусусӣ, масъулини бахшу хадамоти назоратӣ дар самти роҳу нақлиёти шаҳри Душанбе баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода дар ҷаласа оид ба шароити муосири инфрасохтори нақлиётӣ ва вазъи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе иброз дошт, ки новобаста аз фароҳам сохтани шароити мусоиди корӣ, ба истифода додани роҳу дигар инфрасохтори муосири хизматрасонӣ ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ ҳанӯз ҳам дар соҳаи мазкур  дар пойтахт камбудиҳо ба чашм мерасанд ва ҷиҳати бартараф намудани онҳо аз масъулини соҳа фаъолияти ҳамаҷониба талаб карда мешавад.

Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории дуҷонибаи мақомоти милитсияи пойтахт бо масъулини соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе, доир ба вазъи вайронннамоии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагони нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ, аз ҷумла ширкатҳои кироякаш (таксӣ), пешгирии садаманокӣ, аз байн бурдани камбудиҳои ҷойдошта дар самти нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ бо овардани далелу  рақамҳои дақиқ бо истифода аз слайд-тасвирҳо сухан гуфт.

Тавре зикр гардид, дар доираи иҷрои дастуру супориш ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 29 январи соли 2019 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар самти танзими роҳу нақлиёт ва хизматрасонии босифату пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, дар ин самт тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Аз ҷумла, Шариф Назарзода таъкид намуд, ки солҳои охир бо ташаббусу иқдомҳои бунёдкоронаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе инфрасохтори соҳаи нақлиётӣ дар пойтахти кишвар рӯ ба тараққӣ ниҳода, рӯз то рӯз беҳтар ва сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ хубтар гардида истодааст, аммо бо вуҷуди тадбирҳои дар ин самт андешида ҳанӯз ҳам камбудию норасоиҳо дар хизматрасонии нақлиётӣ ва риоя нагардидани талаботи меъёрҳои муқарраргардидаи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонӣ ҷой доранд. Махсусан, надоштани либоси ягона, дағалона вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, берун аз истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ таваққуф кардану бо дарҳои кушода идора намудани воситаҳои нақлиёти маршрутӣ, зиёда аз меъёр савор намудани мусофирон, махсусан муносибату рафтори дағалонаи баъзе аз ронандагон бо мусофирон, дар ҳолати мастию сархушӣ ва бо  истеъмоли воситаҳои нашъадор ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул гардидан ва дигар камбудиҳо ҷой доранд, ки боиси сар задани садамаҳои нақлиётӣ ва халалдор гардидани натиҷаҳои ба дастоварда гаштаанд.

Дар ҷаласа таъкид гардид, таҳлилу омӯзишҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои асосии ин ҳолат -аз ҷониби масъулин ва роҳбарони ширкатҳои мусофиркашонӣ набурдани назорати доимӣ аз рӯи фаъолияти ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ дар кӯчаю роҳҳои шаҳри Душанбе мебошанд.

Тавре зикр гардид, новобаста аз тадбирҳои андешида давоми 9 моҳи соли 2021 аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбар 29 садама ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 4 нафар ба ҳалокат расида, 31 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Аз таҳлил дида мешавад, ки дар муқоиса ба соли гузашта теъдоди ҳодисаи нақлиётӣ 7,4 % ва маҷруҳон 24,0 % афзоиш ёфта, хушбахтона, шумораи ҳалокшудагон 1 нафар ё 20,0% коҳиш ёфтааст.

Тибқи иттилои  Шариф Назарзода, яке аз мушкилоти ташвишовар он аст, ки баъзе ронандагони нақлиёти мусофиркаши таксӣ дар ҳолати сархушӣ аз воситаҳои нашъадор пушти чанбараки мошин нишаста, садамаи нақлиётӣ содир намудаанд, ки воқеан боиси нигаронист. Чунончӣ, дар ин давра аз ҷониби ронандагони нақлиёти кироякаш (таксӣ) 6 далели дар ҳолати мастӣ ва 18 далели зери таъсири воситаҳои нашъадор идора намудани воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки зимнан ҳангоми идораи воситаи нақлиёт ронандагон ҳаёти худ ва мусофиронро зери хатар гузоштаанд.

Мавриди зикр аст, ки баррасии саривақтии арзу шикоят ва муроҷиатҳои шаҳрвандон боиси афзун гардидани эътимоду боварии шаҳрвандон ба милитсияи пойтахт гардида, сокинон бо мушоҳидаи ин ё он қонуншиканӣ худро дар канор нагирифта, аксу навори онро тавассути суроғаҳои электронӣ ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол мекунанд. Аз ҷумла, дар ин муддат 46 ҳолати муносибати дағалонаи ронандагону кондукторон мавриди санҷиш қарор дода шуда, дар натиҷа нисбат ба вайронкунандагони тартибот бо қарорҳои суд аз 5 то 15-шабонарӯзӣ ҳабси маъмурӣ татбиқ карда шудааст.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ ва таъмини фаъолияти мунтазами воситаҳои нақлиёти мусофиркаш роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба кулли роҳбарони корхонаю ширкатҳои мусофиркашонии пойтахт, ронандагони мошинҳои мусофиркашони ҷамъиятӣ ва дигар масъулини соҳаи хизматрасонии нақлиётӣ муроҷиат менамояд, ки ҳангоми фаъолияти корӣ ҳолати омодагии техникӣ, тозагии воситаҳои нақлиёти мусофиркашро зери назорати қатъӣ гирифта, риояи одоби шаҳрдорӣ, баланд бардоштани сатҳи маданияти ронандагон, беҳтар намудани муносибату муоширати онҳо бо мусофирон ва берун аз истгоҳ таваққуф намудану аз меъёри муқарраршуда зиёд савор намудани мусофиронро пешгирӣ намоянд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: РВКД дар ш. Душанбе

Ноябрь 4, 2021 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» ҷаласа баргузор шуд
Вобаста ба вазъияти фавқулода, низоъҳо ва ҳамоҳангии иҷтимоӣ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо фаъолияти Департаменти адлияи Ирландия шинос шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд
Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки гурӯҳҳои корӣ ҷаласа баргузор шуд
Прокуратураи генералӣ: «Худ ва наздиконатонро аз ҳамлаҳои хакерӣ эмин нигоҳ доред!»
Дар шаҳри Москва бо афсарону курсантони тоҷик вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Ҷаласаи мушовараи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши идона доир гардид
САВГАНДИ ҲАРБӢ. Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ маросими қасамёдкунӣ доир шуд