Дар Хоруғ доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон конференсия доир шуд
ДУШАНБЕ, 12.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Хоруғ бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон» конференсияи вилоятӣ баргузор гардид. Дар он раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, иҷрокунандаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, иҷрокунандаи раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода, кормандон ва ҷавонони касбу кори гуногун иштирок намуданд, иттилоъ дод корманди шуъбаи таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳайё Саидамадзода.
Дар ҳамоиши мазкур нотиқон аз корнамоӣ ва ғамхориву дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ёдовар шуда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия ёфтани ҷавонон ва ҳифзу гиромӣ доштани дастовардҳои даврони истиқлолият даъват намуданд.
Ёдовар мешавем, ки конференсияи вилоятии «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон» дар доираи сафари раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир шуда, баргузории ин гуна чорабиниҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар назар аст.
АКС аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш








«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид






