Дар Хоруғ доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон конференсия доир шуд

Ноябрь 12, 2021 15:00

ДУШАНБЕ, 12.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Хоруғ  бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон» конференсияи вилоятӣ баргузор гардид. Дар он раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, иҷрокунандаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, иҷрокунандаи раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода, кормандон ва ҷавонони касбу кори гуногун иштирок намуданд, иттилоъ дод корманди шуъбаи таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳайё Саидамадзода.

Дар ҳамоиши мазкур  нотиқон аз корнамоӣ ва ғамхориву дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ёдовар шуда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия ёфтани ҷавонон ва ҳифзу гиромӣ доштани дастовардҳои даврони истиқлолият даъват намуданд.

Ёдовар мешавем, ки конференсияи вилоятии «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон» дар доираи сафари раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  доир шуда, баргузории ин гуна чорабиниҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар назар аст.

АКС аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш

Ноябрь 12, 2021 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст