Дар Кобул таркиш ба амал омад, хабар доданд ВАО

Ноябрь 24, 2021 13:25

ДУШАНБЕ, 24.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар як бозори Афғонистон, воқеъ дар маркази Кобул таркиш ба амал омад. Тавре  АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, хабар дар ин бора дирӯз дар саҳифаи Twitter-и TOLO News  нашр шуд.

Бино ба иттилои Aamaj News, инфиҷор бар асари таркиши минаи магнитие, ки ба мошини аъзои ҳаракати тундгарои «Толибон»* васл шуда буд, рух дод. Гуфта мешавад, ки пас аз таркиш садои тирпаронӣ низ шунида шудааст. Тафсилоти ҳодиса мушаххас карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 15-17 ноябр дар Кобул таркишҳо рух доданд, ки дар ҷараёни онҳо қариб 6 нафар кушта шуданд. 2 ноябр дар бузургтарин госпитали низомии Кобул ба номи Сардор Муҳаммад Довудхон ду таркиш садо дод. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, террористони «Давлати исломӣ»* ба бинои бемористон зада даромада, бо толибон вориди задухӯрд шуданд.

Баъди ба сари ҳокимият омадани гурӯҳи радикалӣ дар ҷумҳурӣ  рух додани амалҳои террористӣ афзуд. Қаблан котиби Шӯрои амният Николай Патрушев гуфта буд, ки дар сурати ба эътидол наомадани  вазъ дар Кобул ҳодисаҳо дар ин кишвар метавонанд тибқи сенарияи фалокатбор рушд ёбанд.

_______________________

*Ташкилоти террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон

                                                                              АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 24, 2021 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд