Дар Маҷлиси намояндагон оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоот ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 30.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар мавзӯи «Ташаббус оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоот ҳамчун иқдоми зарурӣ дар рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид, хабар медиҳад котиби матбуоти МН МО ҶТ Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони ВАО ва созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода иброз дошт, ки дар раванди таҳияи лоиҳаи мазкур намояндагони воситаҳои ахбори омма, коршиносон ва мутахассисони соҳаҳои гуногун саҳми арзанда гузоштанд. Инчунин аз дастгирии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, бахусус САҲА барои ҳамкории бисёрҷониба доштан изҳори сипос намуд.
Мавсуф изҳор дошт, ки «лоиҳае, ки айни замон мавриди баррасӣ қарор мегирад, маҳсули фаъолияти сесолаи гурӯҳи корӣ ба шумор меравад ва такмили он аз талаботи равандҳои имрӯзаи соҳа бармеояд. То имрӯз муҳокимаи лоиҳаи мазкур бо ҷалби доираи васеи воситаҳои ахбори омма дар Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб баргузор гардид ва дар асоси фикру пешниҳодҳои баёншуда мазмуну мундариҷаи он такмил дода шуд».
Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз афзалияти сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон буда, арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва гуногунандешии сиёсӣ дар меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Бинобар ин сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти арзишҳои умумибашарӣ, манфиатҳои миллӣ ва низомҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ, рушди муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ амалӣ карда мешавад.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон ҳамчунин таъкид намуд, ки дар самти таъмини қонуният ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар соҳаи иттилоот нақши мақомоти олии намояндагӣ ва қонунбарори мамлакат- Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Парламент) бузург мебошад. То имрӯз вобаста ба соҳаи иттилоот дар ҷумҳурӣ 10 қонун, як консепсия ва як стратегияи давлатӣ қабул карда шудааст, ки моҳияти умумии онҳо аз тавсеа ва рушди ин соҳа, таъмини дастрасии бештари шаҳрвандон ба иттилоот мебошад. Илова бар ин меъёрҳое, ки ба озодии сухан ва афкор, озодии матбуот ва дигар паҳлуҳои фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва уҳдадориҳои кормандонашон дахл доранд, дар қонунҳо, кодексҳо ва санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқии кишвар ҷой дода шудаанд.
Қарорҳои зиёди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидаанд, ки масъалаву ҳолатҳои мушаххаси фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи мамлакатро танзим мекунанд.
Аз ин ҷиҳат мақсади асосии кодификатсии қонунгузорӣ дар соҳаи иттилоотӣ аз он иборат аст, ки он заминаи муназзаму муташаккили ҳуқуқиро барои рушд ва танзими ин соҳа, бартараф намудани мухолифатҳо дар меъёрҳои қонунгузории амалкунанда дар робита ба пайдоиши шартҳои нав ва истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ фароҳам меорад.
Зарурати таҳияи кодекси иттилоотии мазкур аз татбиқи босамари чунин ҳуҷҷатҳои стратегӣ, ба монанди Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи сиёсати иттилоотии ҶумҳурииТоҷикистон ва ғайра бармеояд.
АКСҲО: МН МО ҶТ













Шермуҳаммад Шоҳиён дар ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии умури сиёсии Ассамблеяи парлумонии Осиё иштирок намуд
Вакилони тоҷик дар конфронси байналмилалӣ оид ҳамкории байнипарламентии кишварҳои ИДМ иштирок намуданд
Ориф Амирзода муовини раиси Шурои коршиносон оид ба экология ва истифодаи табиат дар назди Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ интихоб шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Нумон Куртулмуш мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш дар ҳузури ҳайатҳои парламентҳо мулоқот анҷом доданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш мулоқот намуданд
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Раиси Маҷлиси бузурги миллии Туркия Нуман Куртулмуш бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
15 декабр ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад
Ҷаласаи якуми Комиссия байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Чин доир гардид






