Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ваколатдори шуъбачаи кофтукови ҷиноии ШВКД бо ҷурми қаллобӣ дастгир шуд

Ноябрь 22, 2021 10:45

ДУШАНБЕ, 22.11.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ваколатдори шуъбачаи кофтукови ҷиноии ШВКД дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро бо ҷурми қаллобӣ дастгир намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Агентӣ.

«Комилов Умед Одинаевич  дар  вазифаи  ваколатдори шуъбачаи кофтукови ҷиноии ШВКД дар ноҳияи Ш.Шоҳин кор  карда  истода,   давоми  фаъолияти корияш  бо  мақсади  ғаразнок  ва  бо  истифодаи мақоми  хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои гӯё нисбаташ оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ маблағи 10000 сомонӣ талаб намуда, гирифтааст», — хабар доданд аз Агентӣ.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Умед Комилов бо моддаи 247  қисми  3  банди «а»  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  парвандаи  ҷиноятӣ  оғоз  карда  шуда, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айборкунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол гардид.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи шаҳрвандони мамлакат чунин муроҷиат мекунад:

«Дар хотир дошта бошед, ки коррупсия ҳамчун ҷинояти вазнин яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат мегардад. Биёед бо ин зуҳуроти хавфноки ҷомеа якҷоя муқовимат намоем! Телефони боварии мо: (+992 37) 224 – 23-23».

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ

Ноябрь 22, 2021 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид