Дар Суғд ба ифтихори Рӯзи Президент мусобиқаҳои варзишӣ баргузор шуданд

Ноябрь 13, 2021 11:09

ДУШАНБЕ, 13.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 12 ноябр дар маҷмааи варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мусобиқаҳои варзишие, ки ба муносибати Рӯзи Президент баргузор гардида буданд, ҷамъбаст шуданд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаҳо аз рӯи намуди  футбол, волейбол, тенниси рӯйи миз, шашка ва шоҳмот шурӯъ аз 28 октябр миёни  факултетҳои ДДҲБСТ роҳандозӣ гардиданд.

Ҳадаф аз баргузории мусобиқаҳои мазкур- ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим мебошад. Хушбахтона, давоми солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон, махсусан ҷавондухтарон ба тарзи ҳаёти солим ва машғул гардидан ба варзиш афзудааст. Ин аст, ки онҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ ширкат варзида, бо гирифтани мақомҳои ифтихорӣ дар боло бурдани нуфузу мақоми кишвари худ саҳм мегузоранд.

Зикр карда шуд, ки дар вазъияти тантанавӣ  ба донишҷӯёне, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ ғолиб гардида буданд, диплому медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

АКС аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд

Ноябрь 13, 2021 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад