Дар Суғд ба ифтихори Рӯзи Президент мусобиқаҳои варзишӣ баргузор шуданд
ДУШАНБЕ, 13.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 12 ноябр дар маҷмааи варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мусобиқаҳои варзишие, ки ба муносибати Рӯзи Президент баргузор гардида буданд, ҷамъбаст шуданд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаҳо аз рӯи намуди футбол, волейбол, тенниси рӯйи миз, шашка ва шоҳмот шурӯъ аз 28 октябр миёни факултетҳои ДДҲБСТ роҳандозӣ гардиданд.
Ҳадаф аз баргузории мусобиқаҳои мазкур- ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим мебошад. Хушбахтона, давоми солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон, махсусан ҷавондухтарон ба тарзи ҳаёти солим ва машғул гардидан ба варзиш афзудааст. Ин аст, ки онҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ ширкат варзида, бо гирифтани мақомҳои ифтихорӣ дар боло бурдани нуфузу мақоми кишвари худ саҳм мегузоранд.
Зикр карда шуд, ки дар вазъияти тантанавӣ ба донишҷӯёне, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ ғолиб гардида буданд, диплому медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
АКС аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






