Дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузорем,- бардошт аз силсиламулоқотҳо дар Ховалинг
ДУШАНБЕ, 20.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халки Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг баргузории силсиламулоқотҳо бо ҳизбиён ва сокинони ноҳия бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи мазкур.
Аз ҷумла, 19 ноябр чунин як мулоқот ва суҳбат дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳангиён» ва бо кормандони китобхонаи марказии ноҳия гузаронида шуд.
Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг Саидҷалол Сатторов ба ҳозирин дар бораи дастовардҳои ноилгардидаи Тоҷикистон дар давоми 30 сол, саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати навини тоҷикон, вазъи сиёсии ҷаҳон, аз ҷумла Афғонистони ҳамсоя ба таври васеъ маълумот дода, оид ба вазифаҳои аъзоёни ҲХДТ дар вазъияти имрўз изҳори назар кард.
Саидҷалол Сатторов оид ба сабаби болоравии нарху наво дар бозор ва дигар масъалаҳои таваҷҷуҳи назар сухан гуфта, зикр кард, ки «тибқи маълумотҳои оморӣ, дар тамоми сайёраи замин зиёда аз 854 млн нафар одамон аз гуруснагӣ ва камбуди ғизо ранҷ мебаранд. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ иброз доштанд: «Мо амнияти озуқавории кишварро танҳо дар сурате таъмин карда метавонем, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии худиро ҳарчи бештар афзоиш дода, аз маводи ғизоии воридотӣ камтар вобаста бошем».
-Мо бо самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, гирифтани ду-се ҳосил аз он, зиёд намудани шумораи гармхонаҳои доимамалкунанда, парвариши чорво ва паранда дар хоҷагиамон ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» метавонем дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузорем, — шарҳ дод Саидҷалол Сатторов.
Сипас иштирокдорони мулоқот оид ба мавзўъҳои матраҳшаванда изҳори назар карданд.
Аксҳо аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






