Дар Тоҷикистон ҷавонони бекор тариқи барномаи электронӣ ба қайд гирифта мешаванд

Ноябрь 1, 2021 10:10

ДУШАНБЕ, 01.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 30 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи пилотии барномаи электронии бақайдгирии ҷавонони бекор ва бе касб ба роҳ монда шуда, бақайдгирии шаҳрвандон аз ноҳияҳои мамлакат шурӯъ гардид. Ин нукта 29 октябр зимни баргузории ҷаласаи панҷуми ҳайати кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат.

Ҳадафи асосии барномаи электронии бақайдгирии ҷавонони бекору бе касб ном ба ном муайян ва мушаххас намудани ин гуна ҷавонон ва дар ин замина ба касбомӯзӣ фаро гирифтан ва бо ҷойи кори мувофиқ таъмин намудани насли ҷавони мамлакат мебошад.

Барномаи мазкур дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони мамлакат  аз 21 майи соли 2021 ва нақшаи чорабиниҳои муштараки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Зимни баргузории ҷаласа ба ҳозирин барномаи электронӣ бо рӯнамо пешниҳод шуда, тарзу усули бароҳмонии давраи пилотии барномаи электронӣ баррасӣ гардид.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ

Ноябрь 1, 2021 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд