Дар Тоҷикистон ҷавонони бекор тариқи барномаи электронӣ ба қайд гирифта мешаванд
ДУШАНБЕ, 01.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 30 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи пилотии барномаи электронии бақайдгирии ҷавонони бекор ва бе касб ба роҳ монда шуда, бақайдгирии шаҳрвандон аз ноҳияҳои мамлакат шурӯъ гардид. Ин нукта 29 октябр зимни баргузории ҷаласаи панҷуми ҳайати кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат.
Ҳадафи асосии барномаи электронии бақайдгирии ҷавонони бекору бе касб ном ба ном муайян ва мушаххас намудани ин гуна ҷавонон ва дар ин замина ба касбомӯзӣ фаро гирифтан ва бо ҷойи кори мувофиқ таъмин намудани насли ҷавони мамлакат мебошад.
Барномаи мазкур дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони мамлакат аз 21 майи соли 2021 ва нақшаи чорабиниҳои муштараки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Зимни баргузории ҷаласа ба ҳозирин барномаи электронӣ бо рӯнамо пешниҳод шуда, тарзу усули бароҳмонии давраи пилотии барномаи электронӣ баррасӣ гардид.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ








Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд






