Дар Вазорати меҳнат масоили тайёр намудани муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар ба Русия баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 25.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои амалӣ намудани тайёрии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, баҳодиҳии сатҳи касбият, ҷалби корфармоён дар раванди бозомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ зимни вохӯрии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Шаҳноза Нодирӣ бо раиси Комиссия оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Шӯрои Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия баррасӣ гардиданд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар».
Дар вохӯрӣ инчунин масъалаҳои сатҳи забондонӣ, мукаммал гардонидани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Федератсияи Русия дар раванди ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Русия ва коркарди механизми он баррасӣ гардид.
Дар вохӯрӣ сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, директори Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа, директори Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷират, котиби Комиссия оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Шӯрои Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия, директори ҶДММ «Кадровое агенство «Персонал – Партнер»-и шаҳри Қазон ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Ҷонибҳо ҳамкории мутақобилаи соҳавии тарафайнро муҳим дониста, рушди муносибатҳои ҳамкориро дар самти муҳоҷират барои бозори меҳнат муҳим арзёбӣ намуданд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






