Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз гардид

Ноябрь 8, 2021 09:11

ДУШАНБЕ, 08.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» бо иштироки 313 нафар довталаб оғоз гардид, ки то 12 ноябр идома меёбад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги мамлакат.

Ба ҳайати ҳакамон устодони варзида аз рӯйи се жанр иштирок мекунанд. Ҷараёни баргузории озмуни мазкур тариқи шабакаҳои телевизиони тоҷик намоиш дода мешавад.

Озмуни мазкур соли сеюм аст, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад. Соли равон дар даври аввал 2991 нафар ва даври дуввум 1317 нафар иштирок намуданд. Соли 2020 дар даври ниҳоии озмун 187 нафар иштирок доштанд.

Бояд гуфт, ки дар озмуни ду соли қабл доиргардида танҳо як Шоҳҷоиза муқаррар гардида буд. Имсол аз рӯйи се номина се Шоҳҷоиза ба миқдори 50 ҳазор сомонӣ муайян гардидааст, ки ба беҳтарин иштирокчиён дода мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки маросими ҷоизасупории озмун 16 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир мегардад.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Ноябрь 8, 2021 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад