ЭЙ СОРБОН, ОҲИСТА РОН! Дар садамаи маргбор бо айби ронандаи ширкати «Олуча Авто-7000» марди 56-сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид

Ноябрь 30, 2021 13:34

ДУШАНБЕ, 30.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 ноябр ронандаи мошини тамғаи «Хундай Аксент» Ҳакимов Фаридун Хурсандмуродович, соли таваллудаш 27 декабри соли 1995, сокини шаҳри Ҳисор, бо сабаби баланд будани суръати ҳаракат пиёдагард Қаюмов Ҳусейн Қодирович, соли таваллудаш 1965-ро пахш намуда, ба ҳалокат мерасонад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Фаридун Ҳакимов ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Саъдии Шерозӣ ба самти кӯчаи Ҷаббор Расулови пойтахт бо сабаби баланд будани суръати ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Қаюмов Ҳусейн Қодировичро, ки аз қисмати рости роҳ ба самти чапи роҳ тавассути роҳи пиёдагузар мегузашт, пахш намудааст. Дар натиҷа, марди пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Айни ҳол нисбат ба ронанда Фаридун Ҳакимов тибқи талаботи моддаи 212-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ронанда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбат ба ҳодисаи мазкур чорабиниҳои тафтишӣ идома доранд.

Ёдовар мешавем, ки 4 ноябри соли равон дар мулоқоти роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо роҳбарону масъулини ширкатҳои мусофиркашонии ҷамъиятӣ, давлативу хусусӣ, масъулини бахшу хадамоти назоратӣ дар самти роҳу нақлиёти шаҳри Душанбе зикр  шуд, ки  дар 9 моҳи соли ҷорӣ яке аз мушкилоти ташвишовар он аст, ки баъзе ронандагони нақлиёти мусофиркаши таксӣ дар ҳолати сархушӣ аз воситаҳои нашъадор пушти чанбараки мошин нишаста, суръати ҳаракатро дар роҳ баланд карда, садамаи нақлиётӣ содир намудаанд, ки воқеан боиси нигаронист.

Дар ин давра аз ҷониби ронандагони нақлиёти кироякаш (таксӣ) 6 далели дар ҳолати мастӣ ва 18 далели зери таъсири воситаҳои нашъадор идора намудани воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки зимнан ҳангоми идораи воситаи нақлиёт ронандагон ҳаёти худ ва мусофиронро зери хатар гузоштаанд.

АКСҲО: РВКД дар шаҳри Душанбе

Ноябрь 30, 2021 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст