ФУТБОЛ. Мубин Эргашев муваққатан сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон интихоб шуд
ДУШАНБЕ, 09.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мубин Эргашев муваққатан сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон интихоб шуд. Ин сармураббии таҷрибадор дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистонро дар бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби Қазоқистон, ки 16 ноябр баргузор мегардад, роҳбарӣ хоҳад кард, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Мубин Эргашев соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 шуд, ки дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мешавад.
Дар ин бозии дӯстона ба Мубин Эргашев собиқ бозигарони дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон — Раҳматулло Фузайлов, Юсуф Рабиев ва Аслиддин Ҳабибуллоев кумак мекунанд. Фаррух Марофиев дар ситоди Мубин Эргашев нақши мураббӣ-таҳлилгарро иҷро мекунад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид






