ФУТБОЛ. Се даста ба Лигаи якуми Тоҷикистон роҳхат гирифтанд

Ноябрь 30, 2021 09:02

ДУШАНБЕ, 30.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе марҳилаи ниҳоии чемпионати  Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи дуюм ба анҷом расид. Дар мусобиқаи мазкур чор дастаи ғолиби марҳилаи минтақавӣ — «Покиза»-и шаҳри Душанбе, «Гулистон»-и шаҳри  Гулистон, «Сарҳадчӣ»-и ноҳияи Ҳамадонӣ  ва «Меҳргон»-и ноҳияи  Нуробод барои соҳиб шудан ба се роҳхати ҳаққи иштирок дар Лигаи якуми Тоҷикистон-2022 миёни ҳам рақобат намуданд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Тибқи қуръакашӣ ҷуфтҳои бозиҳои нимниҳоӣ созмон дода шуданд. Дар бозиҳои нимниҳоӣ дастаҳои футболи  «Гулистон» ба «Покиза» бо ҳисоби 5:4 ва «Сарҳадчӣ ба «Меҳргон» бо ҳисоби 3:1 дастболо шуданд. Дар бозӣ барои ҷои сеюм  дастаи «Покиза» бо ҳисоби 3:1 дастаи футболи  «Меҳргон»-ро мағлуб намуд. Дар бозии ниҳоӣ дастаи «Гулистон»-и шаҳри  Гулистон бо ҳисоби 2:0 дастаи футболи «Сарҳадчӣ»-и ноҳияи   Ҳамадониро мағлуб намуд.

Ба ин тартиб, дастаҳои футболи   «Гулистон»-и шаҳри  Гулистон, «Сарҳадчӣ»-и ноҳияи Ҳамадонӣ  ва «Покиза»-и шаҳри Душанбе  соҳиби роҳхат ба Лигаи якуми Тоҷикистон дар мавсими соли оянда шуданд. Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов иштирок намуда, ҷоизаҳоро ба ғолибон тақдим карданд.

Марҳилаи ниҳоии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюм

Бозиҳои нимниҳоӣ

«Гулистон» (Гулистон) – «Покиза» (Душанбе) – 5:4

«Меҳргон» (Нуробод) – «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ) – 1:3

Бозӣ барои ҷои сеюм

«Покиза» (Душанбе) – «Меҳргон» (Нуробод) – 8:2

Финал

«Гулистон» (Гулистон) – «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ) – 2:0

                                                                 АКС: ФФТ

Ноябрь 30, 2021 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид