«ТОЛИБОН»* ДАР КОБУЛ ПАРАДИ ҲАРБӢ ДОИР КАРДАНД. Трамп инро «намоиши таассуфовар» номид

Ноябрь 18, 2021 12:06

ДУШАНБЕ, 18.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Толибон»* рӯзи душанбеи 15 ноябр дар Кобул- пойтахти Афғонистон паради ҳарбӣ гузаронида, дар он таҷҳизоти мусодиранамудаи истеҳсоли Русия ва Амрикоро намоиш доданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора хабаргузории «Reuters» иттилоъ додааст.

Дар парад даҳҳо мошинҳои зиреҳпӯши амрикоии М117 иштирок доштанд. Онҳо аз роҳи асосии Кобул оҳиста-оҳиста ҳаракат карда, аз болои онҳо чархболҳои Ми-17-и Русия (намунаи содиротии Ми-8) парвоз мекарданд. Сарбозон бо автоматҳои амрикоии М4 мусаллаҳ буда, либоси камуфляжӣ доштанд, на либоси анъанавии толибон.

Муовини раиси вазорати дифои ҳукумати толибон Иноятуллоҳи Хоразмӣ гуфт, ки ин парад ба муносибати пурра шудани сафи артиш (толибон – тавзеҳи АМИТ «Ховар») бо 250 ҷангии навтаълим баргузор шуд.

«Reuters» менависад, ки толибон бо ин роҳ табдили худро аз як неруи шӯришӣ ба артиши муқаррарӣ бо таҷҳизоти низомӣ нишон доданд. Тайи бист соли охир онҳо  ҷангҳои партизанӣ мебурданд, аммо пас аз он ки Амрико моҳи августи соли ҷорӣ Афғонистонро тарк карда, таҷҳизоти низомии худро дар ин кишвар гузошт, он ба дасти толибон афтод.

Дар ҳамин ҳол, ба гузориши ТАСС, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури пешини Амрико, намоиши таҷҳизоти низомии Амрико аз сӯи толибонро дар паради Кобул «намоиши таассуфовар» номид.

«Паради бузурги низомӣ, ки толибон баргузор карда, таҷҳизоти ба маблағи 85 миллиард доллар ба онҳо супурдаи амрикоиро нишон доданд, ба намоиши хеле ғамангезу таассуфовар табдил ёфт. Он тарзе, ки анҷоми хуруҷи неруҳо аз Афғонистон сурат гирифт- бузургтарин шармандагӣ дар таърихи кишвари мост», — гуфт ӯ рӯзи чаҳоршанбеи 17 ноябр дар иттилоияе, ки дафтари матбуоташ ба нашр расонидааст.

Дар дасти «Толибон» чӣ гуна техника монд

Тибқи маълумоти Бозрасии махсуси умумии ИМА оид ба барқарорсозии Афғонистон, аз соли 2002 то 2017 ИМА ба ҳукумати Кобул ба маблағи 28 миллиард доллар таҷҳизот, аз ҷумла силоҳ, муҳимот, дастгоҳҳои наззораи шабона, мошинҳо, ҳавопаймоҳо ва системаҳои назоратӣ интиқол додаанд.

Узви Конгресси ИМА Ҷим Бэнкс тасдиқ кард, ки толибон таҷҳизоти низомии амрикоиро ба маблағи 85 миллиард доллар мусодира кардаанд. Ҳанӯз моҳи август Бэнкс зикр карда буд, ки толибон ҳоло назар ба 85% давлатҳои дигари ҷаҳон бештар чархболҳои Black Hawk доранд.

Ҳангоми хуруҷи неруҳо амрикоиҳо тавонистанд 70 ҳавопаймо, даҳҳо зиреҳпӯшро нобуд кунанд ва системаҳои дифои ҳавоиро аз кор бароранд. Илова бар ин, 100 чархболи Ми-17-и сохти Русия дар Афғонистон боқӣ мондааст, гуфт роҳбари «Рособоронэкспорт» Александр Михеев ба Интерфакс.

Ҳодисаҳо дар Афғонистон метавонанд тибқи барномаи фалокатбор авҷ гиранд, агар мақомоти Кобул вазъро дар он ҷо ба эътидол оварда ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз мардум пуштибонӣ карда натавонанд. Дар ин бора дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев 17 ноябр дар нишасти солонаи дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои ИДМ дар Москва ҳушдор дод.

Бино ба суханони ӯ, ҳоло гуфтан душвор аст, ки ин барои минтақа, кишварҳои ИДМ ва дар маҷмӯъ барои тамоми ҷаҳон чӣ пайомадҳои эҳтимолӣ дошта метавонад. Вале онҳо ниҳоят манфӣ шуда метавонанд, гуфт котиби Шӯрои амният.

Илова бар ин, вай гуфт, ки Афғонистон набояд дубора ба майдони озмоиши моҷароҳои бемулоҳизаи геополитикии бозингарони беруна табдил ёбад, пешгирии ин- вазифаи ниҳоят муҳим аст. «Имрӯз барои мо беш аз ҳарвақта муттаҳид кардани саъю кӯшишҳо барои кори ҳамоҳангшуда ва созанда оид ба самти Афғонистон муҳим аст», — таъкид кард Патрушев.

_________________________________

* «Толибон» — созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва сойири кишварҳо

                                               Фото:EPA /TASS

Ноябрь 18, 2021 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи муштараки «Тағйир додани низоми озуқаворӣ барои беҳтар намудани ғизо дар Тоҷикистон» доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 5 то 7 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Аз 1 август ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд
Котиби Шурои амнияти мамлакат бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст