Имрӯз дар Москва нишасти котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви ИДМ баргузор мегардад

Ноябрь 17, 2021 12:26

ДУШАНБЕ, 17.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вохӯрии ҳарсолаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил имрӯз, 17 ноябр дар Москва доир мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад.

Дар назар аст, ки дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории кишварҳои ИДМ оид ба мушкилоти рӯзмарраи миллӣ, минтақавӣ ва амнияти байналмилаӣ баррасӣ карда шаванд.

Моҳи октябр дар Москва ҷаласаи роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамоти иктишофи ИДМ бо иштироки намояндагии 9 кишвар-Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон доир шуд.

Тавре он замон котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев зикр намуда буд, хатарҳое ки кишварҳои ИДМ бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, доимо тағйири шакл менамоянд, аз ҷумла лозим меояд дар самти амнияти иқтисодӣ роҳҳои ҳалли ғайримаъмулӣ ҷустуҷӯ намоем.

Котиби Шӯрои амнияти Русия зикр намуд, ки бо кӯшишу талошҳои якҷояи кишварҳои ИДМ ба таври доимӣ барои муқовимат бо терроризми байналмилалӣ, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккил, маводи мухаддир ва инқилоби ранга тадбирҳо андешида мешаванд.

Диққати асосиро Патрушев дар ҷаласа ба ҳамкорӣ ба вазъи Афғонистон равона кард. Ӯ иброз дошт, ки ба амнияти кишварҳои ИДМ «саросемавор баровардани низомиён аз минтақаи Афғонистон» таъсири манфӣ ва ҷиддӣ расонид. Ба гуфтаи котиби Шӯрои амнияти Русия, ба кӯшиши толибон*  дар робита ба мубориза бар зидди маводи мухаддир ҳоло мебояд баҳо дод. Дар робита ба ин, Патрушев даъват намуд,ки дар доираи Иттиҳод табодули иттилоотро оид ба тарҳҳои созмонҳои террористии байналмилалӣ васеъ намоем.

Вохӯрии котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви ИДМ инчунин моҳи ноябри соли 2020 дар шакли видеоконфронс баргузор гардида буд. Он замон иштирокчиёни ҷаласа масоили таъсири кишварҳои хориҷиро ба фазои ИДМ, мубориза бар зидди хатарҳои нави биологӣ, аз ҷумла, бо дарназардошти мубориза бар зидди коронавирус ва чолишҳо дар самти фазои иттилоотиро баррасӣ намуданд. Илова бар ин  котибони шӯроҳои амниятӣ маълумот оид ба зеҳни сунъӣ ва аҳамияти он дар таъмини амнияти миллиро шуниданд.

______________________

*«Толибон» — ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 17, 2021 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд