Имрӯз Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ иштирок мекунад

Ноябрь 12, 2021 10:39

ДУШАНБЕ, 12.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 12 ноябр Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки тариқи видеоконфронс баргузор мешавад, иштирок мекунад. Ҷаласа соати 12:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» маълум гардид, дар ҷаласа ба мавзӯъҳои мубориза бо паҳншавии коронавирус ва барқарорсозии иқтисодиёти кишварҳои ИДМ бар асари таъсири пандемия таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.

Илова бар ин, дар назар аст, ки дар ҷаласа масъалаҳои рушди минтақаи озоди савдои ИДМ, нақлиёти роҳи оҳан ва ҳамкории инноватсионӣ баррасӣ шаванд. Тавре дар маводи ҷаласа зикр шудааст, аз ҷумла дар назар аст, ки Консепсияи рушди стратегии нақлиёти роҳи оҳан дар «фазои 1520» барои давраи то соли 2030 тасдиқ гардад. Лоиҳаи консепсия самтҳои афзалиятноки рушди роҳи оҳани паҳноияш 1520 мм-ро муайян мекунад, ки шабакаҳои роҳи оҳани 19 давлат, аз ҷумла ҳамаи кишварҳои ИДМ-ро муттаҳид менамояд.

Инчунин дар ин санад маҷмӯи тадбирҳо оид ба қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти нақлиёти роҳи оҳани мусофирон ва борҳо пешбинӣ шудаанд.

Интизор меравад, ки сарони ҳукуматҳо доир ба масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар ИДМ табодули афкор намуда, мавзӯъҳои мелиоративии қаламравҳои аз истихроҷи уран зарардида ва рушди нақлиёти роҳи оҳанро баррасӣ кунанд.

Илова бар ин дар назар аст, ки дар бораи раиси Кумитаи ҷанговарони интернатсионалист дар назди Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои ИДМ карор кабул карда, сана ва ҷои баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳо гардад.

Ҳамчунин имзои санадҳои танзимкунандаи ҳамкории кишварҳои Иттиҳод дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ, ҳамкории инноватсионӣ дар назар аст.

Интизор меравад, ки дар ҷаласа тарҳи Барномаи тадбирҳо оид ба баргузор намудани Соли рушди ҳунарҳои мардумӣ ва мероси фарҳангӣ дар кишварҳои ИДМ барои соли 2022 ба тасвиб расад.

Тавре интизор меравад, аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа қарорҳое қабул карда мешаванд, ки татбиқи барномаи байнидавлатӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии собиқадорони ҷанг-иштирокчиёни низоъҳои маҳаллӣ ва оилаҳои онҳо, инчунин гузаронидани корҳои чустуҷӯии хизматчиёни ҳарбиро, ки солҳои 1979-1989 дар ҷанги Афғонистон бедарак шудаанд, дар бар мегиранд.

Ҳамчунин интизор меравад, ки дар поёни ҷаласа сарони ҳукуматҳои ИДМ якчанд шартномаҳои байналмилалиро ба тасвиб расонанд.

Дар доираи татбиқи Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионӣ барои давраи то соли 2030 дар назар аст, ки нақшаи ҳамаҷонибаи тадбирҳо барои солҳои 2021-2025 тасдиқ карда шавад.

Ҳамчунин ба раҳбарони ҳайатҳо пешниҳод карда мешавад, ки нақшаи баргузории Соли ҳунарҳои мардумӣ ва мероси фарҳангиро дар соли 2022 дар чаҳорчӯби ИДМ тасдиқ намоянд.

АКС аз бойгонӣ

Ноябрь 12, 2021 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи талафоти неруи барқ ва истифодаи ғайриқонунии он дар ҷумҳурӣ ташвишовар аст»
АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ЭНЕРГЕТИКӢ ТАЪСИС ДОДА ШУД. Дар қонунгузории Тоҷикистон барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид
Дар маҷаллаи «The Diplomatic Insight» мақолаи олимони тоҷик таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои дипломатияи байналмилалӣ» ба нашр расид
Сарвазири Тоҷикистон бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Тоҷикобод шинос шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои мо танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар ҳифзи иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Пиряхҳои Тоҷикистон боигарии бебаҳои табиӣ ва сарчашмаҳои муҳими оби тоза дар Осиёи Марказӣ мебошанд
ҶОИЗАИ «ШАҲРИ СУЛҲ». Онро Душанбе барои саҳми беандоза дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ бо қарори ЮНЕСКО соҳиб гардид
МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ. Барои ғайриқонунӣ истифода бурдани неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардид
Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз иқтидори бузурги Неругоҳи азими барқи обии «Роғун»-и Тоҷикистон ёдовар шуд
Президенти Тоҷикистон тавсеаи ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказиро бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетикаи «сабз» аз самтҳои ояндадор номиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар нигоҳдории иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Инъикоси густурдаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки Сарони се давлати Осиёи Марказӣ дар расонаҳои хабарии минтақаю ҷаҳон ва шабакаҳои иҷтимоӣ