Иштирокдорони СПЕКА таҷрибаи Тоҷикистонро оид ба содагардонии расмиёти савдо қобили таваҷҷуҳ ҳисобиданд
ДУШАНБЕ, 19.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Иштирокдорони ҳамоиши Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) истифодаи таҷрибаи Тоҷикистонро дар чаҳорчӯбаи Созишномаи Созмони ҷаҳонии савдо оид ба содагардонии расмиёти савдо қобили таваҷҷуҳ шумориданд. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
17-18 ноябр дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи чорабиниҳои Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) Форуми иқтисодӣ дар мавзӯи «Нақлиёт ва савдои устувор барои иқтисоди сабз ва фарогир баъд аз пандемия» бо иштироки намояндагони кишварҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон, инчунин созмонҳо ва ниҳодҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар доираи Форум масъалаҳо вобаста ба тақвияти ҳамкории минтақавӣ дар самти содагардонии низоми нақлиётӣ ва расмиёти савдо ҳамчун омили асосӣ барои иқтисоди сабз байни кишварҳои аъзои СПЕКА баррасӣ гардида, инчунин вобаста ба мавзӯъ аз ҷониби намояндагони кишварҳо ва коршиносони байналмилалии соҳавӣ рӯнамоҳо пешниҳод гардид.
Роҳбари ҳайати кишвар А. Абдураҳмонзода дар Форум мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, дар робита ба корҳои амалинамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба содагардонии расмиёти савдо, аз ҷумла фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо, Портали савдои Тоҷикистон ва ҷорӣ намудани низоми Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамо пешниҳод намуд, ки иштирокдорон истифодаи таҷрибаи Тоҷикистонро дар чаҳорчӯбаи Созишномаи Созмони ҷаҳонии савдо оид ба содагардонии расмиёти савдо қобили таваҷҷуҳ шумориданд.
Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021-2025, Барномаи иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025 ва Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021-2025-ро қабул намудааст, ки дар онҳо вазифаву афзалият ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои алоҳидаи иқтисодӣ бо назардошти ҳадафхои рушди устувор пешбинӣ гардидаанд. Бинобар ин барои расидан ба ҳадафҳои санадҳои зикршуда дар самти таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои минтақа ҷалби сармояи хориҷӣ зарур арзёбӣ карда шуд.
Дар охири Форум ҷиҳати тақвияти ҳамкории минбаъда дар соҳаҳои савдову нақлиёт ҳамчун шохаҳои муҳим ва таъминкунандаи рушд барои иқтисоди сабз ва фарогир баъд аз пандемия «Эъломияи Тошканд» қабул гардид.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдо








Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд






