Истифодаи нодурусти доруҳои зиддимикробӣ ба саломатии аҳолӣ хатар дорад,- бардошт аз ҳамоиш
ДУШАНБЕ, 19.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Ҳафтаи ҷаҳонии истифодаи дурусти доруҳои зиддимикробӣ ҳамоиш доир гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиши мазкур намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Хадамоти назорати давлатии тиббӣ, Маркази шаҳрии ташаккули тарзи хаёти солим ва хабарнигорон иштирок намуданд.
Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаров иброз дошт, ки мушкилоти устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъалаҳои афзалиятноки соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва инчунин соҳаи кишоварзӣ ба шумор меравад. Антибиотик дар соҳаи байторӣ низ васеъ истифода карда мешавад. Агар он танзими муайян надошта бошад, ҳассосияти худро гум мекунад.
“Истифодаи нодурусти доруҳои зиддимикробӣ барои саломатии аҳолӣ хатар дорад. Зеро бе тавсияи духтур истифодаи антибиотикҳо устувории зиддимикробиро метезонад.
-Сироятҳое, ки аз микробҳои ба антибиотикҳо устувор ба вуҷуд омадаанд, дорои хусусияти мураккаб буда, табобаташон душвор аст, — гуфт Наврӯз Ҷафаров.
Ба зикри директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” Парвина Мухторова, пеш аз истеъмоли доруҳои зиддимикробӣ бояд ҳатман бо табибон маслиҳат намуд. Зеро на ҳамаи сироятҳоро бо доруҳои зиддимикробӣ табобат кардан мумкин аст.
-Бояд гуфт, ки сироятҳои вирусӣ, ба монанди зуком бо антибиотикҳо табобат намешаванд. Аз ин рӯ пешгирии бемориҳои сироятӣ метавонад зарурати истифодаи доруҳои зиддимикробиро паст карда, паҳншавии тобовариро ба онҳо нигоҳ дорад. Риояи қоидаҳои одитарини гигиенӣ аз роҳҳои пурсамари кам кардани хавфи сироят маҳсуб мешавад,- гуфт директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”.
Ба андешаи намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадичамо Бойматова, доруҳои зиддимикробӣ на ҳамеша мувофиқу муносиб ба шумор мераванд. Истифодаи ғайриоқилонаи доруҳои зиддимикробӣ метавонад дар бактерияҳо тобовариро ба амал орад. Пас мебояд пеш аз истеъмоли антибиотикҳо ҳатман бо духтур маслиҳат кард.
Бояд зикр намуд, ки баргузории Ҳафтаи ҷаҳонии истифодаи дурусти доруҳои зиддимикробӣ ба баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ дар сатҳи миллӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши мутахассисони соҳаи тиб ва таъмини дастрасии ҷомеа ба иттилооти дахлдори босифат оид ба доруҳои зиддимикробӣ ва истифодаи онҳо мусоидат менамояд.
Антибиотикҳо дар байни аҳолӣ бисъёр паҳншуда мебошанд. Аз ин рӯ ҳангоми табобати кӯдакон, занҳои ҳомила ва ширмакон истеъмоли доруҳои зиддимикробӣ тавсия дода намешавад. Зеро антибиотикҳо ба ҷанин ва кӯдак таъсири заҳрнокӣ мерасонанд.
Ёдовар мешавем, ки Ҳафтаи аврупоии истифодаи дурусти доруҳои зиддимикробӣ то 30 ноябр идома ёфта, дар доираи он баргузории ҳамоишҳои омӯзишӣ дар муассисаҳои тандурустии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияи Рашт дар назар аст.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд






