Котиби генералии КМО Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллозода бо Ордени фахрии ОСА сарфароз гардонида шуд

Ноябрь 22, 2021 09:20

ДУШАНБЕ, 22.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллозода дар баробари собиқ президенти Кумитаи миллии олимпии Лубнон генерал Суҳайл Хурӣ ва президенти Кумитаи олимпии Непал Хон Ҷеван Рам Шрестҳа бо Ордени фахрии Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) сарфароз гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба КМО Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Ассамблеяи генералии 40-уми ОСА, ки 21 ноябр дар шаҳри Дубайи АМА баргузор шуд, ин сегона аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи президенти OCA Раҷа Рандҳир Сингҳ ва Вазири варзиши Аморати Муттаҳидаи Араб, доктор Аҳмад Абдулло Ҳумайд Абдулло Белҳул барои хизматҳои бебаҳояшон дар рушди варзиши қора қадрдонӣ шуданд.

Муҳаммадшо Абдуллозода аз соли 1993 дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба ҳайси тарҷумон (то соли 1998), сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ (1998-2003), иҷрокунандаи вазифаи Котиби генералӣ (2003-2005), Директори генералӣ (2005-2009), сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ (2009-2013) ва Директори генералӣ (то январи 2017) кор кардааст. Дар Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2017 бо пешниҳоди Президенти Кумита муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби генералии КМО Тоҷикистон интихоб шуд.

Дар давраи фаъолият дар бисёр Бозиҳои олимпӣ ва Бозиҳои Осиё роҳбари ҳайати олимпии Тоҷикистон буд, аз ҷумла, дар Бозиҳои олимпии солҳои 2008, 2012, 2016, ки варзишгарони мо сазовори медал шуданд.

Муҳаммадшо Абдуллозода ҳамчунин бо медали «Хизмати шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва унвони Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарфароз гардидааст.

АКСҲО: КМО Тоҷикистон

Ноябрь 22, 2021 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод