Лоиҳаи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар Душанбе баррасӣ гардид

Ноябрь 26, 2021 15:37

ДУШАНБЕ, 26.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи ниҳоии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо бо дастгирии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ таҳия шудааст, дар Душанбе зимни ҳамоиш баррасӣ гардид, хабар медиҳад БМТ.

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода зикр намуд, ки Лоиҳаи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар асоси меъёр ва принсипҳои қонунгузории миллӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳлили вазъи фарогирии молиявӣ, дурнамои рушди минбаъдаи он ва натиҷаи тадқиқоти илмию амалӣ оид ба фарогирии молиявӣ таҳия шудаааст. Ҳадафи лоиҳа рушди босуръати иқтисодӣ, ҳалли вазифаҳои диверсификатсиякунонии иқтисодиёт, баланд бардоштани самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва андозу буҷет, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва суботи молиявӣ мебошад.

«Мутобиқи муқаррароти Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 аз ҷониби БМТ дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои молия, адлия, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм таҳия гардида, соли равон тибқи тартиби муқарраргардида барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

Дар ҳамоиш нахуст масъалаи муайян намудани арзиши амалисозии ҳар чорабинӣ аз рӯи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар лоиҳа муҳокима гардид. Зикр шуд, ки барои  гузаронидани мониторинг ва арзёбии раванди татбиқи Стратегияи мазкур 50 индикатор (нишондиҳанда) таҳия гардидааст, ки сарчашмаи дарёфти 9 адади он аз маъхази маълумоти Global Findex пешбинӣ карда шудааст.

Баррасии лоиҳаи ниҳоии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 се рӯз идома ёфта, дар он тамоми масоили марбут ба татбиқи самараноки он муҳокима шуд.

    АКС: БМТ

Ноябрь 26, 2021 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 дороиҳои «Амонатбонк» 11 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳояш 9,9 миллиард сомониро ташкил дод
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.4239 то 9.4700 сомонӣ муқаррар шудааст
Соли 2025 сатҳи таваррум дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок 3,5 фоизро ташкил дод
Қурби расмии сомонӣ соли 2025 нисбат ба доллари амрикоӣ 15,4 фоиз устувор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бонкҳои Тоҷикистон соли 2025 ба мизоҷон дар ҳаҷми 30 миллиард сомонӣ қарз додаанд
«Амонатбонк» ба беш аз 890 ҳазор нафақагирон ва 2,2 миллион пасандозгузорон хизмат расонидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1195 то 0.1214 сомонӣ муқаррар шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Амонатбонк» соли 2025 ба зиёда аз 60 ҳазор мизоҷ 2,5 миллиард сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.3749 то 9.4100 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1200 то 0.1214 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.3773 то 9.4100 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1220 то 0.1230 сомонӣ муқаррар шудааст