Лоиҳаи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар Душанбе баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 26.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи ниҳоии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо бо дастгирии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ таҳия шудааст, дар Душанбе зимни ҳамоиш баррасӣ гардид, хабар медиҳад БМТ.
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода зикр намуд, ки Лоиҳаи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар асоси меъёр ва принсипҳои қонунгузории миллӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳлили вазъи фарогирии молиявӣ, дурнамои рушди минбаъдаи он ва натиҷаи тадқиқоти илмию амалӣ оид ба фарогирии молиявӣ таҳия шудаааст. Ҳадафи лоиҳа рушди босуръати иқтисодӣ, ҳалли вазифаҳои диверсификатсиякунонии иқтисодиёт, баланд бардоштани самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва андозу буҷет, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва суботи молиявӣ мебошад.
«Мутобиқи муқаррароти Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 аз ҷониби БМТ дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои молия, адлия, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм таҳия гардида, соли равон тибқи тартиби муқарраргардида барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.
Дар ҳамоиш нахуст масъалаи муайян намудани арзиши амалисозии ҳар чорабинӣ аз рӯи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар лоиҳа муҳокима гардид. Зикр шуд, ки барои гузаронидани мониторинг ва арзёбии раванди татбиқи Стратегияи мазкур 50 индикатор (нишондиҳанда) таҳия гардидааст, ки сарчашмаи дарёфти 9 адади он аз маъхази маълумоти Global Findex пешбинӣ карда шудааст.
Баррасии лоиҳаи ниҳоии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 се рӯз идома ёфта, дар он тамоми масоили марбут ба татбиқи самараноки он муҳокима шуд.
АКС: БМТ








ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1121 сомонӣ муқаррар гардидааст
Дар Душанбе ҳамкории молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд
Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Дар КВД «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






