Масъалаҳои дарёфти бозорҳои содиротӣ дар мулоқоти директори Агентии содироти Тоҷикистон бо Сафири Олмон дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 26.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои дарёфти бозорҳои содиротӣ, баланд бардоштани иқтидорҳои содиротӣ ва мусоидат намудан ҷиҳати содироти маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла меваи хушк, пиёз ва сабзӣ 25 ноябр дар мулоқоти директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Андреас Протманн ва директори Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) дар Тоҷикистон хонум Сабине Олтхоф мавриди муҳокима қарор гирифтанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Агентии содирот.
Дар ҷараёни мулоқот директори Агентӣ гуфт, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии маҳсулоти кишоварзӣ-ин содироти меваҳои хушсифату тару тоза, мева ва сабзавоти хушк мебошад, ки солҳои охир дар бозори ҷаҳонӣ харидори зиёд пайдо намудааст. Маҳсулоти ватании Тоҷикистон аз ҷиҳати экологӣ тоза ва болаззату шаҳдбор буда, дар хориҷи кишвар бозорҳои содиротии худро ёфтаанд.
Зикр шуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 қабул шудааст, ки ҳадафи он рушди содироти молу хизматрасонӣ, таҳкими истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва ивазкунандаи воридот, кам кардани ҳиссаи молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ дар ҳаҷми умумии воридот, фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи сиёсати хориҷии иқтисодии давлатӣ, инчунин баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ мебошад. Дар заминаи ин барнома дар назди Агентӣ вазифаҳое дар самти дастгирии содирот пешниҳод гардидаанд, ки дар ин самт мусоидати шарикони рушд, аз ҷумла, Сафорати Олмон ва Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) барои ҳамкории минбаъда мувофиқи мақсад мебошад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ имконияти содироти маҳсулоти ватанӣ, инчунин самтҳои асосии фаъолияти Агентии содирот, аз ҷумла мусоидат ба рушди босуботи миқдор ва сифати содироти молу маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи кишвар, мусоидат дар баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар ва ҷалби харидорон аз хориҷи кишвар муаррифӣ шуд.
АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати ҶТ








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






