Миёни доварони федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид

Ноябрь 23, 2021 08:32

ДУШАНБЕ, 23.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Миёни Раёсати доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Раёсати доварони Иттиҳоди футболи Қирғизистон 22 ноябр дар Душанбе Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба ҳуҷҷат сардори раёсати доварон ва нозирони ФФТ Рустам Абдуллоев ва аз ҷониби Иттиҳодияи футболи Қирғизистон — раиси кумитаи доварон Баҳодир Қочқоров имзо карданд.

«Ёддошт ба таҳким ва рушди минбаъдаи ҳамкории зичи доварон миёни федератсияҳои футболи ду кишвар мусоидат мекунад. Созишнома, аз ҷумла, хидматрасонии бозиҳои дӯстона, мусобиқаҳо, мусобиқаҳои расмӣ, баргузории семинарҳои муштарак, ҷамъомадҳои таълимӣ ва дигар ҳамоишҳои таълимӣ, табодули таҷриба оид ба татбиқи технологияҳои муштаракро, ки ба баланд бардоштани сифати доварӣ нигаронида шудаанд, пешбинӣ менамояд»,-зикр  намуданд дар  Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Қаблан бо даъвати Федератсияи футболи Тоҷикистон доварон аз Қирғизистон бозиҳои силсилаи ниҳоии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои «Сипар»-и Хуҷанд ва «Соро компания»-и Душанберо ҳакамӣ карда буданд.

АКС: ФФТ

Ноябрь 23, 2021 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад