Миёни Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд ва Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали вилояти Минск Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид

Ноябрь 10, 2021 15:35

 ДУШАНБЕ, 10.11.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Миёни Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, кумитаи иҷроияи ноҳияи Лагойск ва Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали вилояти Минск Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Ёддошти тафоҳум дар доираи сафари намояндагони вилояти Суғд ба Ҷумҳурии Беларус, ки аз 3 то 7 ноябр таҳти роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифт, аз ҷониби роҳбари идораи Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд Насимҷон Ҳоҷизода, раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи Лагойск Александр Ласевич ва раиси  Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали вилояти Минск Евгений Крискевич дар ҳузури роҳбарони вилоятҳои Суғду Минск ба имзо расид.

Тибқи ин Ёддошти тафоҳум минбаъд тарафҳо дар самти бунёду барқарорсозии ҷангал, ниҳолпарварӣ, коркарди маҳсулоти ҷангал, рушди занбӯри асалпарварӣ, туризми экологӣ, мубодилаи иттилоот ва таҷриба  ҳамкориро тақвият мебахшанд.

АКС аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Ноябрь 10, 2021 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад