Миёни Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд ва Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали вилояти Минск Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 10.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Миёни Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, кумитаи иҷроияи ноҳияи Лагойск ва Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали вилояти Минск Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Ёддошти тафоҳум дар доираи сафари намояндагони вилояти Суғд ба Ҷумҳурии Беларус, ки аз 3 то 7 ноябр таҳти роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифт, аз ҷониби роҳбари идораи Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд Насимҷон Ҳоҷизода, раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи Лагойск Александр Ласевич ва раиси Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали вилояти Минск Евгений Крискевич дар ҳузури роҳбарони вилоятҳои Суғду Минск ба имзо расид.
Тибқи ин Ёддошти тафоҳум минбаъд тарафҳо дар самти бунёду барқарорсозии ҷангал, ниҳолпарварӣ, коркарди маҳсулоти ҷангал, рушди занбӯри асалпарварӣ, туризми экологӣ, мубодилаи иттилоот ва таҷриба ҳамкориро тақвият мебахшанд.
АКС аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






