Муҳаммадшо Абдуллозода дар Форуми роҳбарони кумитаҳои миллии олимпии ИДМ, Балтика ва Гурҷистон иштирок мекунад

Ноябрь 2, 2021 13:27

ДУШАНБЕ, 02.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон – шаҳри Тошканд Форуми солонаи роҳбарони кумитаҳои миллии олимпии ИДМ, Балтика ва Гурҷистон доир мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар форум 34 намояндаи 14 Кумитаи миллии олимпии минтақаи мазкур ширкат доранд. Ҷумҳурии моро котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, раиси Созмони миллии зиддидопингии Тоҷикистон Муҳаммадшо  Абдуллозода намояндагӣ мекунад.

Мақсад аз баргузории форуми минтақавӣ, ки бо дастгирии Комиссияи Ҳамбастагии олимпии Кумитаи байналмилалии олимпӣ баргузор мешавад, ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни давлатҳои ИДМ, Балтика ва Гурҷистон дар соҳаи варзиш мебошад.

Дар ҷаласа гузоришҳо шунида шуда, таклифу пешниҳодҳо оид ба рушди бештари варзиш дар минтақа манзур мегарданд ва нақшаи нави стратегӣ муҳокима хоҳад шуд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 2, 2021 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд