МУБОРАК БОД! Акмалиддин Каримов ба унвони чемпион ва Хушқадам Хусравов ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардид
ДУШАНБЕ, 12.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари шинохтаи тоҷик Акмалиддин Каримов дар панҷумин финал дар Мусобиқаи ҷаҳонии самбо дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон дар вазни 58 кг ба гирифтани медали тилло мушарраф гардид, хабар дод ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода.
Ӯ бо пойи латхӯрда, вале бо иродаи қавию матонати хосса самбочии рус Саян Хертекро дар даври ниҳоӣ мағлуб намуда, ба унвони чемпионӣ даст ёфт.
Ёдовар мешавем, ки Акмалиддин дар вазни 58 кило ҳарифи якуми худ аз кишвари Тринидад ва Тобаго Чарлес Тайронро ноком сохта, ба марҳилаи навбатӣ баромад. Ин дафъа Акмалиддин бо Ёссир Боуҳессоуни марокашӣ қувва санҷид. Ин рақобат ҳам бисёр ҳассос ҷараён гирифт. Варзишгари тоҷик тавонист қабл аз анҷоми вақт бар ҳарифаш зафар ёфта, роҳи худро ба даври нимниҳоӣ рӯшан созад. Паҳлавони тоҷик дар ин давр бо варзишгари қазоқ Болатбек Раҳимқулов ба майдон баромад. Нахуст самбочии қазоқ пешсаф буд, вале Акмалиддин бо як партофти чоримтиёза афзалиятро ба даст гирифта, дастболо шуд. Ҳамин тавр Акмалиддин Каримов ба финали чемпионати ҷаҳон роҳ ёфт ва шаҳди пирӯзӣ чашид, соҳиби медали тилло гардид.
Ҳамчунин рақобати варзишгари дигари маъруфи кишвар, чемпиони ҷаҳон дар соли 2018 Хушқадам Хусравов дар даври ниҳонии Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо варзишгари қазоқ Жананиет Роҳат танҳо чанд лаҳза давом кард. Дар ин сабқати ҷолиб паҳлавони тоҷик як иштибоҳ кард ва ин боис гардид, ки намояндаи қазоқ якбора 6 имтиёз ба даст оварад. Дар идома варзишгари қазоқистонӣ тавонист як имтиёзи дигар ба даст биёраду соҳиби нишони тилло гардад. Хушқадам Хусравов дар ин мусобиқа соҳиди медали нуқра гардид.
Паҳлавони тоҷик тавонист, ки дар вазни 64 кг дар даври аввал бо намояндаи Қирғизистон Мақсатбек Медер неру санҷида, дастболо шавад. Дар марҳилаи навбатӣ самбочии тоҷик варзишгари амрикоӣ Николай Козитскийро дар 15 сония мағлуб намуд ва роҳхати марҳилаи ¼-ниҳоиро ба даст овард. Дар марҳилаи ¼-ниҳоӣ Хушқадам Расо Майкли итолиёвиро бо 2 партофти чоримтиёза тавонист ноком кунад. Дар даври нимниҳоӣ паҳлавони номдори тоҷик бар намояндаи Русия Александр Куликовских пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфт.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбои имсола чунин аст:
Самбои варзишӣ
Мардҳо:
-58кг – Акмалиддин Каримов
-64кг – Хушқадам Хусравов
-71кг – Муҳаммадисо Раҷабов
-79кг – Ҳамроз Раҷабов
-88кг – Зафар Олимшоев
-98кг – Фирдавс Насимов
+98кг – Хуршед Маҷидов
Бонувон:
-59кг – Шоҳида Қаландарова
Самбои размӣ
-58кг – Бобохон Мирзозода
-64кг – Сорбон Латифов
-71кг – Саидҷони Ҳайдар
-79кг – Табрезшо Парпишоев
-88кг – Фаридун Одилов
-98кг – Олимхоҷа Олимов
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон то 14 ноябр идома меёбад.
АКС: ТВ «Варзиш»









Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






