МУБОРАК БОД! Акмалиддин Каримов ба унвони чемпион ва Хушқадам Хусравов ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардид

Ноябрь 12, 2021 19:03

ДУШАНБЕ, 12.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари шинохтаи тоҷик Акмалиддин Каримов дар панҷумин финал дар Мусобиқаи ҷаҳонии самбо дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон дар  вазни 58 кг  ба гирифтани медали тилло  мушарраф гардид, хабар дод ба  шореҳи варзиши  АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода.

Ӯ бо пойи латхӯрда, вале бо иродаи қавию матонати хосса самбочии рус Саян Хертекро    дар даври ниҳоӣ мағлуб намуда, ба унвони чемпионӣ даст ёфт.

Ёдовар мешавем, ки Акмалиддин дар вазни 58 кило  ҳарифи якуми худ аз кишвари Тринидад  ва Тобаго Чарлес Тайронро  ноком сохта, ба марҳилаи навбатӣ баромад.  Ин дафъа  Акмалиддин бо Ёссир Боуҳессоуни марокашӣ  қувва  санҷид. Ин рақобат ҳам бисёр ҳассос ҷараён гирифт.  Варзишгари тоҷик тавонист қабл аз анҷоми вақт бар ҳарифаш зафар ёфта, роҳи худро ба даври нимниҳоӣ рӯшан созад.  Паҳлавони тоҷик дар ин давр бо варзишгари қазоқ Болатбек Раҳимқулов ба майдон баромад. Нахуст самбочии қазоқ пешсаф буд, вале Акмалиддин бо як партофти чоримтиёза афзалиятро ба даст гирифта, дастболо шуд. Ҳамин тавр Акмалиддин Каримов ба финали чемпионати ҷаҳон роҳ ёфт ва шаҳди пирӯзӣ чашид, соҳиби медали тилло гардид.

Ҳамчунин рақобати варзишгари дигари маъруфи кишвар,  чемпиони ҷаҳон дар соли 2018 Хушқадам Хусравов дар даври ниҳонии Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо  бо варзишгари қазоқ Жананиет Роҳат танҳо чанд лаҳза давом кард. Дар ин сабқати ҷолиб  паҳлавони тоҷик як иштибоҳ кард ва ин боис гардид, ки намояндаи қазоқ якбора 6 имтиёз ба даст оварад. Дар идома варзишгари қазоқистонӣ тавонист як имтиёзи дигар ба даст биёраду соҳиби нишони тилло гардад. Хушқадам Хусравов дар ин мусобиқа соҳиди медали нуқра гардид.

Паҳлавони тоҷик тавонист, ки   дар вазни 64 кг дар даври аввал бо  намояндаи Қирғизистон  Мақсатбек Медер неру санҷида, дастболо шавад. Дар марҳилаи навбатӣ самбочии тоҷик варзишгари амрикоӣ   Николай Козитскийро дар 15 сония мағлуб намуд ва  роҳхати марҳилаи ¼-ниҳоиро ба даст овард. Дар марҳилаи ¼-ниҳоӣ Хушқадам  Расо Майкли итолиёвиро  бо 2 партофти чоримтиёза тавонист  ноком кунад.  Дар даври нимниҳоӣ паҳлавони номдори тоҷик бар намояндаи Русия Александр Куликовских пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфт.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбои имсола чунин аст:

Самбои варзишӣ
Мардҳо:
-58кг – Акмалиддин Каримов
-64кг – Хушқадам Хусравов
-71кг – Муҳаммадисо Раҷабов
-79кг – Ҳамроз Раҷабов
-88кг – Зафар Олимшоев
-98кг – Фирдавс Насимов
+98кг – Хуршед Маҷидов
Бонувон:
-59кг – Шоҳида Қаландарова

Самбои размӣ
-58кг – Бобохон Мирзозода
-64кг – Сорбон Латифов
-71кг – Саидҷони Ҳайдар
-79кг – Табрезшо Парпишоев
-88кг – Фаридун Одилов
-98кг – Олимхоҷа Олимов

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон то 14 ноябр идома меёбад.

                                                                                                                     АКС: ТВ «Варзиш»

Ноябрь 12, 2021 19:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Ғолибон ва ҷоизадорони рӯзи охири қуввазомоиҳои инфиродӣ муайян гардиданд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Дар рӯзи чоруми мусобиқа қувваозмоиҳо аз рӯи 3 вазн доир мегарданд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Ғолибон ва ҷоизадорони рӯзи сеюми мусобиқа муайян гардиданд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Дар рӯзи сеюми мусобиқа қувваозмоиҳо аз рӯи 3 вазн доир мегарданд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Ғолибон ва ҷоизадорони рӯзи дуюми мусобиқа муайян гардиданд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
Элза Пинйол: «Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 шарафи варзишии Тоҷикистонро ҳимоя намуданд»
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Дар рӯзи дуюми мусобиқа қувваозмоиҳо аз рӯи 3 вазн доир мегарданд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Ғолибон ва ҷоиздорони рӯзи якуми мусобиқа муайян гардиданд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Варзишгари тоҷик Лоиқ Қудбиддинов сазовори медали нуқра гардид
Варзишгарони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалӣ доир ба кикбоксинг дар Тошканд соҳиби медалҳои тилло ва нуқра шуданд
Дар Тоҷикистон нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон оғоз гардид