Муовини Дабири кулли СММ Ғода Фатҳа аз Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон боздид намуд

Ноябрь 27, 2021 16:00

ДУШАНБЕ, 27.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини Дабири кулли СММ, Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Ғода Фатҳа Валӣ ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо фаъолияти Агентӣ шинос шуд ва бо роҳбарияти он мулоқот анҷом дод, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Зимни мулоқот директори Агентӣ Ҳабибулло Воҳидзода нақши Раёсати мазкурро оид ба ҳамкории дуҷониба ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, дастгирии молиявӣ ва моддӣ-техникии Агентӣ ва дигар мақомоти ваколатдори Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард.

Ҷонибҳо вазъи маводи мухаддир дар Афғонистон ва минтақа, татбиқи Барномаи ин Раёсат барои солҳои 2022 – 2025 ва дар ин робита Консепсияи таъсиси шуъбаҳои нави байниноҳиявии Агентиро дар вилояти Хатлон дар ин самт мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҳамзамон директори Агентӣ оид ба сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки он, дастовардҳои кишвар ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи он ба Ғода Фатҳа Валӣ маълумот дод.


Тазаккур дода шуд, ки бо ташаббусу ибтикороти бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ бо созмон ва ташкилоти байналмилалӣ тақвият ёфта истодааст.

Дар фарҷом оид ба саҳми Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар рушди ҳамкории дуҷониба, ки ба таҳкими иқтидори минбаъдаи Агентӣ нигаронида шудааст, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Сипас меҳмонон аз фаъолияти сагҳои хизматии Агентӣ ва намоиши машқҳои ҳарбӣ-тактикӣ дидан карда, дар сӯзонидани маводи нашъаовар иштирок намуданд.

Ҳамчунин муовини Дабири кулли СММ, Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Ғода Фатҳа Валӣ дар китоби фахрии Агентӣ таассурот ва таманниёти худро қайд намуд.

Пас аз мулоқот ва шиносоӣ муовини Дабири кулли СММ, Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Ғода Фатҳа Валӣ дар ҳузури ҷамъе аз хабарнигорон изҳорот дода, зикр намуд, ки имрӯз зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ ва ҳамёрии минбаъдаро баррасӣ кардаанд.

«Имрӯз мо бо директори Агентӣ масъалаҳои ҳамкорӣ ва ҳамёрии минбаъдаро баррасӣ кардем. Мо дидем, ки неруҳои махсус ва хадамоти кинологии Агентӣ чӣ гуна фаъолият мекунанд ва дар сӯзонидани маводи мухаддир низ ширкат кардем», — гуфт Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ.

Доир ба вазъ дар Афғонистон пас ба сари қудрат омадани Толибон* ва самтҳои асосии ҳамкории Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ бо Тоҷикистон Ғода Фатҳа Валӣ изҳор дошт, ки айни ҳол мебояд вазъ арзёбӣ гардад ва он бодиққат омӯхта шавад.

«Мо бояд сарҳад ва фаъолияти гузаргоҳҳои наздисарҳадиро таҳким бахшем. Вазифаи асосии мо ин аст, ки бо тамоми кишварҳои минтақа, аз ҷумла бо Тоҷикистон барои суботи пойдор ва ҳифзи аҳолӣ ҳамкорӣ намеом. Аз ин рӯ фаъолияти аввалиндараҷаи мо дар Тоҷикистон баланд бардоштани иқтидор ва таҳкими сарҳад хоҳад буд», — тазаккур дод дар фарҷом Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ.

 

_________________________________

* «Толибон» — созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва сойири кишварҳо


АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 27, 2021 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд