Намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО-и «Норак» дидан карданд
ДУШАНБЕ, 24.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ Ҷозеп Боррелл ва Ваколатдор оид ба ҳамкории байналмилалӣ Ютта Урпилайнен ҳамроҳ бо ҳайти Иттиҳоди Аврупо 23 ноябр аз Неругоҳи барқи обии «Норак» боздид карданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
«Мақсади боздиди мазкур муаррифии захираҳои обӣ ва зарфияти гидроэнергетикии Тоҷикистон барои ҳайати Иттиҳоди Аврупо буд», — иттилоъ доданд аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳайати Иттиҳоди Аврупо ҳавасмандии худро барои тақвияти бештари ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои иқтисоди сабз, энергетика, тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои вобаста ба об дар чаҳорчӯби абзорҳои дуҷониба ва бисёрҷониба иброз намуд.
Ёдовар мешавем, ки Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ Ҷозеп Боррелл ва Ваколатдор оид ба ҳамкории байналмилалӣ Ютта Урпилайнен бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон қарор доранд.
Мавриди зикр аст, ки Неругоҳи барқи обии «Норак» ба номи Турсун Ӯлҷабоев буда, дар дарёи Вахш сохта шудааст. Сохтмони неругоҳ соли 1961 оғоз гардида, гидроагрегати нахустини он соли 1972, охиринаш соли 1979 ба кор дароварда шудааст. Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» 9 гидроагрегати иқтидори лоиҳавиашон 3000 МВт насб шудаанд.
АКСҲО: ВКХ ҶТ















Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






