Нусхаи «Шоҳнома»-и нодири асри XV ба ганҷинаи АМИТ ворид шуд

Ноябрь 30, 2021 13:52

ДУШАНБЕ, 30.11.2021. /АМИТ “Ховар”/. Як нусхаи бебаҳои қаламии “Шоҳнома”и Абулқосим Фирдавсӣ ба феҳристи дастнависҳои Шарқи ганҷинаи дастнависҳои ба номи Абдулғанӣ Мирзоеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) афзуда шуд. Нусхаи мазкур аз ҷониби мутахассисон ба асри XV мансуб дониста мешавад, ки чандин вақт дар бойгонии шахсии шаҳрванд Ҷаббор Қурбонов нигаҳдорӣ шуда, бо кӯшиш ва дастгирии Президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ба ганҷинаи нусхаҳои хаттии АМИТ ворид карда шуд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба АМИТ хабар медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, хусусан мероси хаттии ниёгон, ки сарвати бебаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад, ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ ва сиёсати фарҳангиву илмии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор дорад. Ҳанӯз 20 марти соли 2001 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат ба аҳамияти мероси мактуб ва зарурати ҷамъоварӣ, ҳифз ва нигаҳдории он таъкид намуда, гуфта буданд: «Муассисаҳое, ки ба ҳифзу тадқиқи ёдгориҳои хаттии таърихиву фарҳангӣ масъуланд, арзиши онҳоро ва дар айни замон ҳадди ҷавобгарии худро дар назди қонун ва масъулияти маънавиашонро дар назди миллат бояд хуб донанд».

Певшои миллат зимни ин суханронии худ ҳамчунин аз баъзе ҳолатҳои қочоқ ва ба хориҷ аз кишвар интиқол шудани намунаҳои ёдгориҳои таърихӣ изҳори нигаронӣ намуда, ба муассисаи марбутаи Академияи миллии илмҳо (собиқ Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ) дастур дода буданд, ки дар баробари таҳияи Феҳристи дастхатҳо номгӯй ва миқдори нусхаҳои хаттиеро, ки дар дигар китобхона ва муассисаҳо мавҷуданд, зери назорат бигирад.

Ин таъкиди Сарвари давлат роҷеъ ба осори хаттӣ ва ёдгориҳои таърихӣ дар он замон аз тороҷшавӣ ва ба яғмо рафтани мероси гаронбаҳои таърихиву фарҳангӣ, хусусан нусхаҳои қаламии мавҷуд дар ганҷинаҳои мероси хаттӣ ва осорхонаҳои ҷумҳурӣ ҷилавгирӣ намуда, аз ҷониби дигар, таваҷҷуҳи масъулини ниҳодҳои марбутаро барои нигаҳдорӣ ва ҷамъоварии ин осор афзоиш дод. Бояд гуфт, ки ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ шароит ва воситаҳои муайян ва зарурӣ барои ҷамъоварии мероси хаттӣ фарҳам оварда мешавад, ки ҳадафи он ҷамъоварии китобҳои нодир ва умуман мероси хаттӣ бо мақсади аз нобудӣ наҷот додани он мебошад.

Айни ҳол дар ганҷинаи мазкур бештар аз 35 ҳазор нусхаи хаттӣ нигаҳдорӣ мешавад, ки тӯли 60-70 соли гузашта тавассути мутахассисон гирдоварӣ шуда, яке аз бузургтарин ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ дар қаламрави собиқ Шӯравӣ ба шумор меравад.

Нусхаи “Шоҳнома”-и воридшуда аз 133 варақ (266 саҳифа) иборат буда, 14 миниатюраи ранга дорад. Миниатюраҳои он дар навбати худ арзиши ҷудогонаи таърихӣ ва ҳунариро доро мебошанд. Ин нусха нисбат ба тамоми нусхаҳои дигари хаттии “Шоҳнома”, ки дар ҷумҳурӣ мавҷуданд, аз лиҳози таърихи китобат қадимтар мебошад. Аз рӯйи навъи коғаз, хат ва тарзи ороиши нусха он ба асри XV марбут дониста мешавад. Тамоми нусха бо як хат аз ҷониби хаттоти чирадасте навишта шудааст, ки мутаассифона, ба сабаби мафқуд шудани баъзе авроқи он, номи хаттот ва соли дақиқи китобати он ҳоло муайян нашудааст. Нусхаи мазкур фармоишӣ буда, эҳтимол дорад аз тарафи яке аз подшоҳони сулолаи Темуриён фармоиш дода шуда бошад. Барои он фармоишӣ будани нусха таъкид мешавад, ки ороиши тамоми нусхаҳои фармоишӣ аз рӯйи тавсифи феҳристҳои мухталифи китобхонаҳои дунё қариб якранг аст.

Ҳаҷми нусха 34х23.5, ҳаҷми матн 16х21т ва ҳар варақ аз 24 сатр иборат буда, дар 4 сутун навишта шуда, атрофи матн ва сутунҳо бо рангҳои обӣ, тиллоӣ, сабзи камрангу сиёҳ ҷадвалкашӣ шудаанд. Хатҳои атрофи матн ғафс буда, бештар бо ранги тиллоӣ кашида шудаанд. Ҳошияҳои тамоми варақҳои дастнавис бо ҳунари хеле воло ва ранги тиллоии тунук гулкорӣ шудаанд. Гулҳои ҳар саҳифа якхела набуда, гуногуншакл мебошанд. Ҳунари  ороиши варақҳо  ба мактаби бузурги наққошии Беҳзод монанд мебошад ва эҳтимол он дар Ҳирот китобат шуда бошад.

Тамоми унвонҳои нусхаи фавқуззикр бо ду ранг–тиллоӣ ва сурх дар байни сутунҳои дуюм ва сеюм навишта шуда, атрофи унвонҳо бо рангҳои дар боло зикршуда ҷадвалкашӣ шудаанд. Ҳамаи унвонҳои китоб  бо гулкории нозуку нафис ороиш ёфта, дар он рангҳои маъмули сурху тиллоӣ истифода шудаанд.

Тавре зикр шуд, як хусусияти муҳими дастнависи мазкур вуҷуди миниатюраҳои дохили он буда, ҳамаи миниатюраҳо аз рӯйи рангу тарзи наққошияшон маҳсули кори як ҳунарманд аст. Дар ин миниатюраҳо бештар саҳнаи набард, лаҳзаи шикори шоҳон, шикори шер, ҷангҳои тан ба тан, ташрифоти дарбори шоҳон ва акси кушта шудани Сӯҳроб ба дасти падар тасвир шудааст. Миниатюраҳо вобаста ба мазмуни достонҳо ва зимни тасвири воқеаҳо ба матн дохил карда шудаанд. Порчаҳои назмӣ дар миниатюраҳо бо хати настаълиқи зебо навишта шудаанд, ки эҳтимолан мансуб ба қалами ҳамон рассом мебошанд.

Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки дастнависи тоза пайдошудаи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ганҷинаи дастнависҳои Шарқи Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ-ро ғанӣ гаронида, ҷиҳати омӯзиши ҳунари хаттотиву наққошии асрҳои миёна барои мутахассисини тоҷик сарчашмаи муҳим маҳсуб мешавад.

АКСҲО: АМИТ

Ноябрь 30, 2021 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2024 муайян шуданд
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» доир гардид
«ТОҶИКИСТОН- ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Имрӯз ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ мешаванд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Асаре, ки шиносномаи забони тоҷикӣ гардидааст
«ЛИБОСИ МИЛЛӢ-СИМОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
«Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул гардид
ТЕАТР ВА ТАМОШОБИН. Мавсими нави театрӣ то нимаи соли 2025 идома меёбад
«ШАҲРИ ҶАҲОНИИ ҲУНАРМАНДӢ». Истаравшан ба ин унвони байналмилалӣ сазовор гашт
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар Душанбе даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст мегардад
НОБИҒАЕ ДАР ОЛАМИ МАЪРИФАТ. Ҷалолиддини Балхӣ шуҳрати фарҳангу адаби тоҷикро беназиру оламгир гардонидааст
Дар Кирмоншоҳи Эрон нахустин ҷашнвораи байналмилалии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид