ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст

Ноябрь 4, 2021 08:07

ДУШАНБЕ, 04.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, бориши борон ва дар ноҳияҳои алоҳида барф дар назар аст. Дар баъзе ҳолатҳо бориши бошиддат аз эҳтимол дур нест, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар». 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда,  дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад.  Дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона  аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 5-10 дараҷа  хунук, дар баъзе минтақаҳо то 11-16 дараҷа  хунук ва рӯзона  аз 1 дараҷа хунук  то 4 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол  аз самти ғарб бо суръати 4-9 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 2+7  ва рӯзона 3+8  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок дар назар буда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон борида, дар баъзе ҳолатҳо пуршиддат  боридани он пешбинӣ шудааст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 12+17  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2+7  ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат ва пуршиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 2+7  ва рӯзона  9+14  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона  5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  3+5, рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 4, 2021 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад