Ғолибони бозиҳои даври 24-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 05.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз танаффуси якмоҳа 3-4 ноябр бозиҳои даври 24-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор гардиданд. Дар ин давр дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар майдони худ аз дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 1:2 мағлуб гардид, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Шаҳзодҷон Маъмурҷонов дар дақиқаи 45 –уми бозӣ ҳисобро ба нафъи мизбонон кушод. Дар дақиқаҳои иловагии нимаи аввал бозингари дастаи «Хуҷанд» Комрон Турсунов аз пеналтӣ гол ба ҳадаф расонида, ҳисобро баробар намуд. Дар дақиқаи 59-ум Олимҷон Каримов голи пирӯзиро ба нишон расонид.
Дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бар дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд низ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Голҳои бохтариҳоро Сорбон Авғонов ва Парвиз Боқӣ-Охунов ба нишон расониданд. Голи дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро Ҷаҳонгир Эргашев ба ҳадаф расонид.
Дар бозии дигари ин давр дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дастаи КМВА-и шаҳри Душанберо бо ҳисоби 3:1 мағлуб намуд. Рёта Нома дар дақиқаи 6 ҳисобро ба нафъи дастаи футболи «Истиқлол» кушод. Ҳамдастагонаш Андрей Мишенко дар дақиқаи 15 ва Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 21 аз пеналтӣ ду голи дигар заданд. Ба се голи истиқлолиҳо бозингари дастаи артиш Шарафҷон Солеҳов бо як гол ҷавоб дод.
Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар бозии дигари ин давр бар дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо шарофати зарбаҳои нишонраси Муҳаммадшарифи Саидхоҷа ва Эффаҳ Кингслей Осей соҳиби се хол гардид.
Дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар бозии хонагӣ бар дастаи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Дар ҳайати дастаи «Кӯктош» Азизбек Султонов ду гол, Амирҷон Сафаров як гол заданд.
Чемпионати Тоҷикистон-2021
Лигаи олӣ. Даври 24-ум
«Истаравшан» – «Хуҷанд» – 1:2
Голҳо: Шаҳзодҷон Маъмурҷонов, 45 (1:0). Комрон Турсунов, 45+2 –пеналти (1:1). Олимҷон Каримов, 59 (1:2).
«Хатлон» – «Эсхата» – 2:1
Голҳо: Сорбон Авғонов, 7 (1:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 35 (1:1). Парвиз Боқӣ-Охунов, 85 (2:1).
Лигаи футболи Тоҷикистон. Даври 24-ум
«Истиқлол» — КМВА — 3:1
Голҳо: Рёта Нома, 6 (1:0). Андрей Мишенко, 16 (2:0). Шервонӣ Мабатшоев, 21 аз пеналти (3:0). Шарафҷон Солеҳов, 70 (3:1).
«Кӯктош» – «Душанбе» – 3:1
Голҳо: Азизбек Султонов, 16 (1:0). Азизбек Султонов, 26 (2:0). Ҷамшед Муродов, 75 (2:1). Амирҷон Сафаров, 82 (3:1).
«Равшан» – «Файзканд» – 2:1
Голҳо: Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 26 (1:0). Анвар Муродов, 43 (1:1). Эффах Кингслей Осей, 88 (2:1).
Ҳамин тариқ, баъд аз натиҷагирии 24 даври бозиҳо дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 55 хол пешсаф аст. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки 45 хол дорад, дар ҷои дуюм, КМВА-и шаҳри Душанбе бо 36 хол дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври навбатии Лигаи олӣ 19, 20 ва 21 ноябр ба нақша гирифта шудаанд. 19 ноябр дастаҳои футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, 20 ноябр «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Истаравшан»-и шаҳри Хуҷанд, КМВА-и шаҳри Душанбе бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва 21 ноябр дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо ҳам вомехӯранд.
| ҶОЙИ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | О |
| 1. | «ИСТИҚЛОЛ» (ДУШАНБЕ) | 22 | 17 | 4 | 1 | 60-8 | 55 |
| 2. | «ХУҶАНД» (ХУҶАНД) | 22 | 14 | 3 | 5 | 45-22 | 45 |
| 3. | КМВА (ДУШАНБЕ) | 23 | 10 | 6 | 7 | 34-29 | 36 |
| 4. | «ИСТАРАВШАН» (ИСТАРАВШАН) | 23 | 9 | 5 | 9 | 25-24 | 32 |
| 5. | «ХАТЛОН» (БОХТАР) | 23 | 9 | 5 | 9 | 25-28 | 32 |
| 6. | «РАВШАН» (КӮЛОБ) | 23 | 7 | 8 | 8 | 24-27 | 29 |
| 7. | «ЭСХАТА» (ХУҶАНД) | 23 | 8 | 3 | 12 | 30-42 | 27 |
| 8. | «КӮКТОШ» (РӮДАКӢ) | 23 | 6 | 5 | 12 | 34-51 | 23 |
| 9. | «ФАЙЗКАНД» (ВОСЕЪ) | 23 | 5 | 5 | 13 | 16-31 | 20 |
| 10. | «ДУШАНБЕ» (ДУШАНБЕ) | 23 | 4 | 6 | 13 | 22-53 | 18 |
АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии якуми санҷишӣ бар дастаи Лубнон пирӯз шуд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон гардид
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол барои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муайян шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бо дастаи Лубнон бозии санҷишӣ баргузор мекунад
Самбочиёни Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Москва соҳиби ду медали биринҷӣ шуданд
«ФУТБОЛ ВА РУШДИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти чунин унвон китоби иттилоотӣ-омӯзишӣ нашр гардид
Мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) 12 медал ба даст овард
«Регар-ТадАЗ» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 роҳ ёфт
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2026. Дастаҳои «Равшан» – «Хуҷанд» ва «Эсхата» – «Сардор» ба даври нимниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) варзишгарони зиёда аз 70 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд
ВАРЗИШ — ПАЙКИ СУЛҲ, ДӮСТӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Ҳамоиши фарҳангию фароғатӣ ва варзишию солимгардонӣ доир шуд






