Ғолибони бозиҳои даври 24-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд

Ноябрь 5, 2021 09:20

ДУШАНБЕ, 05.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз танаффуси якмоҳа 3-4 ноябр бозиҳои даври 24-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор гардиданд. Дар ин давр дастаи футболи  «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар майдони худ аз дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 1:2 мағлуб гардид,   иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.    

Шаҳзодҷон Маъмурҷонов дар дақиқаи 45 –уми бозӣ ҳисобро ба нафъи мизбонон кушод. Дар дақиқаҳои иловагии нимаи аввал бозингари дастаи  «Хуҷанд» Комрон Турсунов аз пеналтӣ гол ба ҳадаф расонида, ҳисобро баробар намуд. Дар дақиқаи 59-ум Олимҷон Каримов голи пирӯзиро ба нишон расонид.

Дастаи футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  бар  дастаи  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд низ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Голҳои бохтариҳоро Сорбон Авғонов ва Парвиз Боқӣ-Охунов ба нишон расониданд. Голи дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро Ҷаҳонгир Эргашев ба ҳадаф расонид.

Дар бозии дигари ин давр дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе   дастаи КМВА-и шаҳри Душанберо бо ҳисоби 3:1 мағлуб намуд. Рёта Нома дар дақиқаи 6 ҳисобро ба нафъи  дастаи футболи  «Истиқлол» кушод. Ҳамдастагонаш Андрей Мишенко дар дақиқаи 15 ва Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 21 аз пеналтӣ ду голи дигар заданд. Ба се голи истиқлолиҳо бозингари дастаи артиш Шарафҷон Солеҳов бо як гол ҷавоб дод.

Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб дар бозии дигари ин давр бар дастаи футболи  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ  бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб бо шарофати зарбаҳои нишонраси Муҳаммадшарифи Саидхоҷа ва Эффаҳ Кингслей Осей соҳиби се хол гардид.

Дастаи  футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  дар бозии хонагӣ бар дастаи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе  бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Дар ҳайати дастаи  «Кӯктош» Азизбек Султонов ду гол, Амирҷон Сафаров як гол заданд.

Чемпионати Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 24-ум

«Истаравшан» – «Хуҷанд» – 1:2

Голҳо: Шаҳзодҷон Маъмурҷонов, 45 (1:0). Комрон Турсунов, 45+2 –пеналти (1:1). Олимҷон Каримов, 59 (1:2).

«Хатлон» – «Эсхата» – 2:1

Голҳо: Сорбон Авғонов, 7 (1:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 35 (1:1). Парвиз Боқӣ-Охунов, 85 (2:1).

Лигаи футболи Тоҷикистон.  Даври 24-ум

«Истиқлол» — КМВА — 3:1

Голҳо:  Рёта Нома, 6 (1:0). Андрей Мишенко, 16 (2:0).  Шервонӣ Мабатшоев, 21 аз пеналти (3:0).  Шарафҷон Солеҳов, 70 (3:1).

«Кӯктош» – «Душанбе» – 3:1

Голҳо: Азизбек Султонов, 16 (1:0). Азизбек Султонов, 26 (2:0). Ҷамшед Муродов, 75 (2:1). Амирҷон Сафаров, 82 (3:1).

«Равшан» – «Файзканд» – 2:1

Голҳо: Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 26 (1:0). Анвар Муродов, 43 (1:1). Эффах Кингслей Осей, 88 (2:1).

Ҳамин тариқ, баъд аз натиҷагирии 24 даври бозиҳо дастаи  футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бо 55 хол пешсаф аст. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки 45 хол дорад, дар ҷои дуюм, КМВА-и шаҳри Душанбе  бо 36 хол дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.

Ёдовар  мешавем, ки бозиҳои даври навбатии Лигаи олӣ 19, 20 ва 21 ноябр ба нақша гирифта шудаанд. 19 ноябр  дастаҳои футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ  бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, 20 ноябр «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Истаравшан»-и шаҳри Хуҷанд, КМВА-и шаҳри Душанбе  бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва 21 ноябр дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо ҳам  вомехӯранд.

 

ҶОЙИ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т-Т О
1. «ИСТИҚЛОЛ» (ДУШАНБЕ) 22 17 4 1 60-8 55
2. «ХУҶАНД» (ХУҶАНД) 22 14 3 5 45-22 45
3. КМВА (ДУШАНБЕ) 23 10 6 7 34-29 36
4. «ИСТАРАВШАН» (ИСТАРАВШАН)             23 9 5 9 25-24 32
5. «ХАТЛОН» (БОХТАР) 23 9 5 9 25-28 32
6. «РАВШАН» (КӮЛОБ) 23 7 8 8 24-27 29
7. «ЭСХАТА» (ХУҶАНД) 23 8 3 12 30-42 27
8. «КӮКТОШ» (РӮДАКӢ) 23 6 5 12 34-51 23
9. «ФАЙЗКАНД» (ВОСЕЪ) 23 5 5 13 16-31 20
10. «ДУШАНБЕ»  (ДУШАНБЕ) 23 4 6 13 22-53 18


АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон

Ноябрь 5, 2021 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид