Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи озод муайян шуданд

Ноябрь 4, 2021 08:43

ДУШАНБЕ, 04.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Конститутсия дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи озод миёни наврасони солҳои тавваллуди 2004-2006 баргузор шуд, хабар дод мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб Маҳмуд Хоҷазода ба  шореҳи варзиши  АМИТ «Ховар»  Меҳрони  Қурбон.

Мусобиқаи мазкур дар доираи нақшаи тақвимии чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат роҳандозӣ гардида, баргузории он баҳри дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ ва сайқал додани маҳорати варзишгарони наврас муҳиму саривақтӣ мебошад.

Ба  гуфтаи Маҳмуд Хоҷазода,  дар шаҳри Кӯлоб ба равнақи гӯштини тарзи озод аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, дар ин намуди варзиш беш аз 15 мураббӣ дар 5 мактаби варзишии шаҳр ва минтақа ба наврасону ҷавонон тамрин медиҳанд.

Хотиррасон мешавем, ки мусобиқаи мазкур бо майдондории ниҳоӣ ба анҷом расида, дар ҷамъбаст варзишгарон дар вазнҳои гуногун ба таври инфиродӣ ва аз рӯи натиҷаи даставӣ муайян ва аз ҷониби масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат бо нишону диплом қадршиносӣ карда шуданд.

Дар ҷамъбасти мусобиқа аз рӯи маҷмӯи медалҳои бадастоварда Муассисаи давлатии Мактаби варзишии шаҳри Исфара бо чор медали тилло, ду нуқра ва се биринҷӣ мақоми аввалро ишғол намуд. Варзишгарони Мактаби махсуси намудҳои гӯштини шаҳри Кӯлоб ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов бо 3 медали тилло, 4 медали нуқра ва 4 биринҷӣ мақоми дуюм ва дастаи шаҳри Душанбе бо ду медали тилло, ду нуқра ва як биринҷӣ мақоми сеюмро ба даст оварда, аз ҷониби масъулин бо Ҷоми мусобиқа қадршиносӣ карда шуданд.

                                                                                 АКС аз КМО Тоҷикистон

Ноябрь 4, 2021 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд