Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба вазнбардорӣ миёни варзишгарони маъюб муайян шуданд

Ноябрь 2, 2021 16:00

ДУШАНБЕ, 02.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба вазнбардорӣ миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд бо иштироки 5 даста аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷараён гирифт, ки шумораи зиёди варзишгаронро   ба ҳам овард, хабар дод корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода  ба шореҳи варзиши  АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон. 

Мусобиқаи вазнбардорӣ дар баробари мардон миёни бонувон низ ҷолиб ҷараён гирифт ва баъди ба даст овардани ғолибият беҳтарин варзишгарон ба давраҳои ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Тавре масъулини Федератсияи варзишгарони маъюби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, шароити баргузории мусобиқа барои чунин афрод дар шаҳри Кӯлоб ба таври зарурӣ ба роҳ монда шуда, онҳо маротибаи чорум аст, ки маҳз дар ин макон мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ баргузор менамоянд. Масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб низ ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ин ҳамоиш аз имконияти мавҷуда самаранок истифода карда, дар якҷоягӣ бо ситоди доварон беҳтарин варзишгаронро муайян намуданд.

Аз ҷониби масъулин  таъкид гардид, ки мақсад аз баргузории ин мусобиқа вусъат додани таваҷҷуҳ ва ташаккули муносибати мусбат ва ҳисси эҳтиром нисбат ба шахсони дорои имконияти маҳдуд, ҷалби чунин ашхос ба намудҳои гуногуни варзиш вобаста ба имконият, рушди қобилияти шахсӣ ва таҳкими зиндагии шахсони дорои маъюбият унвон карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки  намудҳои варзиши вазнбардорӣ миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд дар Тоҷикистон ривоҷ ёфта истода, таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба ин қишри ҷомеа аз ҷониби масъулони соҳа метавонад ба рушду нумуъ ва дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани варзишгарони  мо мусоидати созгор намояд.

Ёдрас мешавем, ки мусобиқаи мазкур давоми ду рӯз идома карда, дар ҷамъбаст ғолибон ва беҳтарин варзишгарон аз ҷониби масъулини  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат  бо нишону ифтихорнома қадршиносӣ карда шуданд.

                                                                                                   АКС: КМО Тоҷикистон

Ноябрь 2, 2021 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд