ПАРЧАМ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ. Таҳти ин унвон дар Вазорати маориф ва илм ҳамоиши тантанавӣ доир шуд

Ноябрь 24, 2021 15:12

ДУШАНБЕ, 24.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Парчами миллӣ ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари азизамон ҳаммароми “Дирафши Ковиён” бо тобиши се ранг — сурх-озодиву истиқлол, сафед-сулҳу оромӣ, сабз-ободиву хуррамӣ аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллии давлату давлатдории мустақил башорат медиҳад. Ин нуктаро имрӯз зимни ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ муовини якуми Вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён иброз дошт.

Дар ҳамоиши тантанавӣ, ки таҳти унвони «Парчам — рамзи давлатдорӣ ва ҳувияти миллӣ» сурат гирифт, Муҳаммаддовуд Саломиён-муовини якуми вазири маориф ва илм, Баҳриддин Ализода-сарходими илмии Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зубайдулло Давлатов-сардори Раёсати таъмини иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони вазир, сардорону кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарони муассисаҳои тобеъи он иштирок намуданд.

Сарходими илмии Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии назди Президенти ҶТ Б. Ализода ва сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегӣ З. Давлатов доир ба мавзӯъ ибрози андеша намуда, иброз доштанд, ки рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмуни баланди ғоявӣ дошта, сулҳ, осоиштагӣ, меҳнат, бародарӣ, озодии халқҳо, баробарҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрии онҳоро талқин мекунанд. Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукуҳу ифтихор ва нангу номус мебошад. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то имрӯз боқӣ мондааст, аз он гувоҳӣ медиҳанд. Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати қадима дорад.

Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки аз соли 1929 то соли 1992 ҳафт маротиба Парчами Тоҷикистон иваз шуда, ахиран, дар асоси Низомнома “Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, Парчами давлатии Тоҷикистон қабул гардид.

Зайнаб ҲУСЕЙНОВА,
корманди маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ

АКСҲО: Вазорати маориф ва илми ҶТ

Ноябрь 24, 2021 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ИМРӮЗ — РӮЗИ РӮДАКӢ. Ба ин муносибат конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир мешавад
Моҳи октябр Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
21 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Бо ташаббуси Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул гардид
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад