Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд

Сентябрь 21, 2026 18:30

ДУШАНБЕ, 21.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Тарғиби либоси миллӣ ва одобу муошират-омили ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ»- таҳти чунин унвон дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Чорабинӣ бо мақсади  гиромидошти арзишҳои миллӣ, тарғиби одобу муошират ва шиносоӣ бо либоси миллии минтақаҳои гуногуни кишвар доир гардид. Ҳадафи он аз баланд бардоштани таваҷҷуҳ ба фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ ва таҳкими муносибатҳои нек дар ҷомеа иборат буд.

Либоси миллӣ бозгӯйи таърих, ҳунар ва завқи зебоипарастии мардуми тоҷик буда, одобу муошират дар эҳтироми якдигар, суханварии нек ва рафтори шоиста зоҳир мегардад. Пос доштани ин арзишҳо ба таҳкими худшиносии миллӣ ва ба наслҳои оянда расонидани мероси ғании фарҳангӣ мусоидат менамояд.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 21, 2026 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад