Патрушев шумораи террористонро дар Афғонистон эълон намуд
ДУШАНБЕ, 11.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Афғонистон беш аз бист сохтори террористӣ, ки тибқи ҳисоботи гуногун зиёда аз 23 ҳазор ҷангҷӯро муттаҳид мекунанд, амал менамоянд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС менависад, дар ин бора котиби Шӯрои амниятии ФР Николай Патрушев дар Деҳлии Нав зимни ҷамъбасти машваратҳои бисёрҷониба оид ба масъалаи Афғонистон, ки рӯзи чоршанбеи 10 ноябр баргузор гардид, ба рӯзноманигорон хабар дод.
Ӯ зикр намуд, ки иштирокчиёни вохӯрӣ вазъияти баамаломада дар Афғонистон, қабл аз ҳама, дар самти бехатарӣ, инчунин таъсири минтақавӣ ва ҷаҳонии онро баррасӣ намуданд. «Хатари асосии аз самти Афғонистон бароянда терроризм боқӣ мемонад. Тибқи арзёбиҳои гуногун, дар Афғонистон ҳоло беш аз 20 сохтори террористӣ бо теъдоди умумии зиёда оз 23 ҳазор ҷангҷӯ фаъолият мекунанд»,-гуфт Патрушев.
Ӯ диққати асосиро ба он равона кард, ки асоси «сарчашмаи даромад»-и фаъолияти террористон ҳанӯз ҳам чун пештара даромад аз ҳисоби мубодилаи ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин «ситонидани андоз, ба истилоҳ аз гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, ки ба истеҳсол ва паҳнкунии маводи мухаддир машғуланд», боқӣ мондааст. «Афғонистон бузургтарин истеҳсолкунандаи афюн дар ҷаҳон боқӣ мемонад, ки то 90% бозори ҷаҳониро таъмин мекунад», — изҳор дошт котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия.

Патрушев иттилоъ дод, ки иштирокчиёни мулоқоти котибони шӯрои амниятӣ дар Деҳлии Нав оид ба ҳамоҳангсозии бештар дар мавриди Афғонистон, аз ҷумла дар мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати назоратнашаванда ба тавофуқ расиданд.
«Мо ба мувофиқа расидем, ки давлатҳои худро дар самти Афғонистон, пеш аз ҳама, дар соҳаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва муҳоҷирати назоратнашаванда ҳамоҳанг созем», — гуфт котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия. Бино ба гуфтаи ӯ, иштирокчиёни нишаст масъалаи ҳарчӣ зудтар ба мардуми Афғонистон расонидани кумакҳои башардӯстонаро зикр намуданд.
Котибони шӯроҳои амниятӣ зикр намуданд, ки «нақши марказӣ ва калидӣ»-ро дар масъалаи идоракунии вазъият дар Афғонистон СММ мебозад. «Бо дарназардошти он ки аксари иштирокдорони чорабинии имрӯза аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд, мо ба мувофиқа расидем, ки аз василаи ҳуқуқии СҲШ дар ин самт самаранок истифода барем», — идома дод Патрушев.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд






