Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз Прокуратураи генералии Қирғизистон хостааст ба таҷрибаи оғоз намудани парвандаҳои беасоси ҷиноятӣ хотима бахшида шавад

Ноябрь 13, 2021 16:38

ДУШАНБЕ, 13.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қазияи дастгир шудани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Ҷӯраев ба унвони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қирғизистон дархост ирсол карда, хоҳиш намудааст ба таҷрибаи оғоз намудани парвандаҳои беасоси ҷиноятӣ вобаста ба бетартибиҳои оммавӣ дар хатти сарҳад нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон хотима бахшида шавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар хабари маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла омадааст:

«8 ноябри соли 2021 дар ҳудуди шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия бо дархости истирдоди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Қирғизистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷураев Диловар Бобомахкамович, соли таваллудаш 23.05.1969, барои гӯё ташкил намудани бетартибиҳои оммавӣ ва авбошӣ дар ҳудуди наздисарҳадӣ ва делимитатсияношудаи байни ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Боткани Ҷумҳурии Қирғизистон дастгир карда шуд.

Бо дарназардошти ангезаи сиёсӣ доштани айбномаи болозикр Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 ноябри соли 2021 ба унвони Прокуратураи генералии Федератсияи Русия мактуб омода намуда, хоҳиш кардааст, ки дархости ҷониби Қирғизистон бе баррасӣ мононда шуда, шаҳрванд Ҷураев Д.Б. аз ҳабс озод карда шавад.

Ғайр аз ин, аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қирғизистон дархост ирсол карда шуда, хоҳиш карда шудааст, ки ба таҷрибаи оғоз кардани парвандаҳои беасоси ҷиноятӣ вобаста ба бетартибиҳои оммавӣ дар хатти сарҳад нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон хотима бахшида шавад.

Масъалаи мазкур таҳти назорати роҳбарияти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад».

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 13, 2021 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд