Раиси вилояти Суғд бо фаъолияти як қатор гармхонаву сардхонаҳо шинос гардид
ДУШАНБЕ, 19.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар миқёси вилояти Суғд 36 адад сардхона бо ғунҷоиши аз 40 то 1000 тонна фаъолият дошта, дорои иқтидори умумии 8 ҳазору 680 тонна мебошанд ва дар онҳо маҳсулоти гуногун захира гардида истодааст. Ҳамзамон, дар корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ 454 гармхона мавҷуд аст, ки аз он 289 гармхонаи навъи хитоӣ ва 4 гармхона навъи инноватсионӣ мебошанд.
Дар ин бора зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз як қатор гармхонаву сардхонаҳои вилоят, ки 18 ноябр сурат гирифт, маълумот дода шуд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла бо фаъолияти гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ММК Агро» ошно шуд. Дар ин гармхонаи инноватсионӣ, ки моҳи марти соли 2020 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд, айни замон парвариши помидору бодиринг ба роҳ монда шуда, маҳсулот барои таъмини эҳтиёҷоти бозори дохилӣ истифода мегардад.
Роҳбари вилоят ҳамзамон аз гармхонаву сардхонаҳои Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, барои захира ва истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулот ба роҳбарияти ноҳия тавсияҳо дод.
Раҷаббой Аҳмадзода зикр кард, ки аз ҷониби идораҳои марбута барои зимистони дарпешистода маводи асосии ғизоӣ, аз ҷумла равғану шакар, орд, картошка, сабзӣ, пиёз, консерва ва дигар номгӯи маҳсулот захира гардидааст. Барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза бояд фаъолияти гармхонаву сардхонаҳо беҳтар ба роҳ монда шавад.
АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд










Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»






