РАСМАН! Шаҳрванди Тоҷикистон Диловар Ҷӯраев аз боздошт дар Русия озод шуд

Ноябрь 16, 2021 16:32

ДУШАНБЕ, 16.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Ҷӯраев, ки 8 ноябри соли 2021 дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия бо дархости истирдоди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Қирғизистон боздошт шуда буд, озод карда шуд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

Тавре дар иттилоияи расмии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, «шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Ҷӯраев, соли таваллудаш 23 майи соли 1969  8 ноябри соли 2021 дар ҳудуди шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия бо дархости истирдодии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Қирғизистон барои гӯё ташкил намудани бетартибиҳои оммавӣ ва авбошӣ дар ҳудуди наздисарҳадӣ ва делимитатсия ношудаи байни ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Боткани Ҷумҳурии Қирғизистон дастгир шуда буд. Бо дархости Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳабс озод карда шуд».

Дар робита ба ин, роҳбарияти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Прокуратураи генералии Федератсияи Русия барои ҳамкории судманд изҳори сипос намуд.

Ёдовар мешавем, ки 12 ноябри соли 2021 Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Прокуратураи генералии Федератсияи Русия бо дархости бе баррасӣ гузоштани дархости ҷониби Қирғизистон ва озод кардани Б.Д.Ҷӯраев аз ҳабс нома ирсол карда буд.

Илова бар ин, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қирғизистон бо дархости қатъи амалияи оғози парвандаҳои ҷиноии беасос бо иттиҳоми шаҳрвандони мо дар ташкили бетартибиҳо дар хатти сарҳадӣ дархост ирсол намуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 16, 2021 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
Даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ аз моҳи октябр оғоз мегардад
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид